Jump to content

Муҳаммад ибни Юсуфи Илоқӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муҳаммад ибни Юсуфи Илоқӣ
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1068

Муҳаммад ибни Юсуфи Илоқӣ (форсӣ: محمدبن یوسف ایلاقی‎, мулаққаб ба Шарафуззамон; Нишопур1068) — пизишк ва файласуфи форс-тоҷик ва аз шогирдони Ибни Сино.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Бухоро таҳсили илм кардааст. Илоқӣ бахшида ба тиб ва таърихи он як қатор асарҳо эҷод намудааст, ки аз онҳо «Куллиёту-л-тибби Илоқӣ» («Куллиёти тибби Илоқӣ»), «Фусулу Илоқӣ фи-куллиёти тиб» («Куллиёти тиб»), Бобҳои Илоқӣ дар «Мухтасари Илоқӣ» ё «Мухтасару-л-қонун», «Китобу-л-асбоб ва-л-аломат» («Китоби сабабҳо ва аломатҳо»), «Муолиҷоти Илоқӣ» маълум ва дастрасанд. Илоқӣ дар асарҳояш оид ба сабаб, аломат, ташхис ва усулҳои пешгирию муолиҷаи бемориҳои гуногун маълумоти фаровон гирд овардааст. Ду нусхаи дастхати «Китобу-л-асбоб ва-л-аломат» дар китобхонаҳои Бейрут (Лубнон) ва Искандария (Миср), ду нусхаи дастхати «Куллиёти тибби Илоқӣ» ва «Фусулу Илоқӣ фи куллиёти тиб» дар китобхонаҳои Порис ва Санкт-Петербург маҳфузанд.

Илоқӣ дар ҷанги Қатавон дар панҷфарсангии Самарқанд кушта шудааст.

  • Richard Sellheim, Verzeichnis der orientalischen Handschriften in Deutschland. Band XVII. Reihe 4. Arabische Handschriften. Materialien zur arabischen Literaturgeschichte (Wiesbaden: F. Steiner, 1976), 147.