Муҳаммад Ғавс
Таърихи таваллуд | 1500 |
---|---|
Таърихи даргузашт | 1562 |
Пеша | нависанда |
Муҳаммад Ғавс ибни Хатируддини Гволиёрӣ (1501/02, Гволиёр – 1556/59, ҳамон ҷо) — орифи эронитабор ва форсизабони Ҳинд, яке аз машоихи маъруфи тариқати шаттория дар Ҳинд.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Бобояш Латифуддин аз Нишопур ба Ҳинд муҳоҷират карда буд. Муҳаммад Ғавс ибн Хатируддини Гволиёрӣ пас аз 13 соли таълим ва тарбият назди Ҳамид Ҳоҷӣ Ҳасури Гволиёрӣ аз ҷониби ӯ лақаби «ғавс» гирифта, хирқаи хилофат пӯшонида шуд ва иҷозати тарбияи соликонро дарёфт намуд. Муҳаммад Ғавс ибн Хатируддини Гволиёрӣ бо ҳокимони давр робитаи неку барқарор карда буд. Аз ҷумла, Ҳумоюн ба ӯ ва бародараш Буҳлул иродат дошт. Пас аз юриши Шершоҳи афғон соли 1537 ба Деҳлӣ ва баъд аз фирори Ҳумоюн ба Эрон ба Гуҷарот рафта, дар он ҷо хонақоҳе бино кард ва ба тарбияи муридон пардохт. Уламои Гуҷарот бо истинод ба навиштаҳои Муҳаммад Ғавс ибн Хатируддини Гволиёрӣ ба қатли вай фатво доданд, аммо Ваҷеҳуддини Гуҷаротӣ, ки дар дарбори Гуҷарот нуфуз дошт ва аз иродатмандони Муҳаммад Ғавс ибн Хатируддини Гволиёрӣ буд, ӯро аз ҳалокат наҷот дод. Бо қудрат пайдо намудани Акбар Муҳаммад Ғавс ибн Хатируддини Гволиёрӣ соли 1556 ба Деҳлӣ рафт ва мавриди таваҷҷуҳи вай қарор гирифт. Дар он ҷо низ бар асари фитнаи бархе рақибонаш садри аъзам Байрамхон аз Муҳаммад Ғавс ибн Хатируддини Гволиёрӣ бадгумон шуд ва ӯ ноилоҷ ба Гволиёр рафта, дар он ҷо хонақоҳе бино кард. Муҳаммад Ғавс ибн Хатируддини Гволиёрӣ муридони бисёре дошт, аз ҷумла, Вадудуллоҳи Шатторӣ, Сироҷуддин Муҳаммади Бунёнӣ, Аҳмади Аҷинӣ, Шамсуддини Зиндадил ва Муҳаммад Садруддини Зокир. Пас аз вай писараш Абдуллоҳи Буда ба ҷойи падар нишаст ва бо дастгирии Акбар дар Гволиёр барои падараш мақбараи бузурге сохт.
Асарщо
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз Муҳаммад Ғавс ибн Хатируддини Гволиёрӣ чанд асар боқӣ мондааст: 1) «Ҷавоҳири хамса», ба форсӣ, дар боби тасаввуф, бавижа силсилаи шаттория ва одобу авроди он; дар садаи XVII ба арабӣ тарҷума шудааст; 2) «Меъроҷнома» ё «Меъроҷия», дар боби аҳволи маънавии муаллиф; 3) «Баҳру-л-ҳаёт», пиромуни одобу аъмол ва навъҳои риёзати йога; асли китоб ба санскрит буда, бо номи «Амрита Кунда» ё «Анбарт Кҳанд» машҳур аст; ба андешаи Ғавсии Шатторӣ, Муҳаммад Ғавс ибн Хатируддини Гволиёрӣ онро аз санскрит ба форсӣ тарҷума кардааст, аммо Мунзавӣ ва Ризвӣ бар онанд, ки Муҳаммад Ғавс ибн Хатируддини Гволиёрӣ онро аз рӯи тарҷумаи арабии «Баҳру-л-ҳаёт» ба қалами Рукнуддини Самарқандӣ ба форсӣ баргардондааст; 4) «Калиди махозин», оид ба мабдаъ ва маод; 5) «Авроди ғавсу-л-авлиё» ё «Авроди ғавсия»; 6) «Замоир ва басоир», дар мабодӣ ва масоилу мақосиди тасаввуф. Охирин навиштаи Муҳаммад Ғавс ибн Хатируддини Гволиёрӣ «Канзу-л-ваҳдат» аст, ба арабӣ, дар боби тавҳид ва имони ҳақиқӣ.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Hermann Ethe, Catalogue of Persian manuscripts in the Library of the India Office. Oxford, 1903;
- Otto Loth. A Catalogue of the Arabic Manuscripts in the Library of the India Office. London, 1877;
- Saiyid Athar Abbas Rizvi. A History of Sufism in India. New Delhi, 1978–1983;
- عبدالقادر بن ملوک شاه بداؤنی. منتخب التواریخ. تهران، ١٣٧٩ هـ. ش
- اکبرنامه. کلکته، 1877–1887؛ محمد غوثی شطاری. گلزار ابرار. پتنه، 2001؛
- غلام سرور لاهوری. خزینة الاصفیا. کانپور، 1914؛
- عبدالحق محدّث دهلوی. اخبار الاخیار فی اسرار الابرار. تهران، ١٣٨٣ ش؛
- احمد منزوی. فهرست مشترک نسخه های خطی فارسی پاکستان. اسلام آباد، ١٣٦٢– ١٣٧٠ ش.ر
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гволиёрӣ, Муҳаммад Ғавс ибн Хатируддин / Ф. Маҳмадуллоев // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.