Муҳаммадҳусайни Табрезӣ
Зоҳир
(Тағйири масир аз Муҳаммад Ҳусайни Табрезӣ)
Таърихи таваллуд: | асри XVI |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 10 октябр 1577 |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | хушнавис |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Муҳаммадҳусайни Табрезӣ (форсӣ: محمدحسین تبریزی; асри XVI, Табрез — 10 октябр 1577, Қазвин) — хушнавис ва донишманди форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Зодгоҳаш шаҳри Табрез. Номи падараш Мавлоно Иноятуллоҳ. Муҳаммадҳусайни Табрезӣ дар Машҳад аз Саидаҳмади Машҳадӣ ва Мирҳайдар навъҳои гуногуни хатро омӯхт. Ҳамроҳи Молики Дайламӣ кор карда, ба такмили хат пардохт. Муҳаммадризои Табрезӣ, Беҳбуди Шоҳаншоҳӣ ва Муҳаммадшариф, Алиризои Аббосӣ аз шогирдони ӯ буданд.
Осори хаттотии ӯ дар Китобхонаҳои донишгоҳи Равонкушку ва Хазинаи авқофи Истамбул, Китобхонаи миллии Порис, Китобхонаи миллииТеҳрон, дар Музеи бостоншиносии Деҳлӣ ва як нусхаи «Муноҷот»-и Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ дар Китобхонаи оммавии Ленинград ба номи Салтиков Шедрин мадфузанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Муҳаммадҳусайни Табрезӣ / Қ. Махсумов // Муҳит — Плеханов. — Д. : СИЭСТ, 1984. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 5).