Муҳиба Маҳмадҷонова
Ин мақола ятим аст; Яъне ҳеч саҳифае ба ин &namespace=0 мақола пайванд надорад.
|
Муҳиба Маҳмадҷонова | |
|---|---|
| Муҳиба Талъатҷоновна Маҳмадҷонова | |
| Таърихи таваллуд | 20 апрели 1960 (66 сол) |
| Зодгоҳ | Душанбе |
| Кишвар |
|
| Фазои илмӣ | фалсафа |
| Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои фалсафа |
| Унвонҳои илмӣ | профессор |
| Алма-матер | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон |
| Роҳбари илмӣ | Муҳаммадхоҷаев А. - узви вобастаи АМИТ |
| Шогирдон | Холов Шаҳбоз, Тоҳиров Эҳсон, Абдуллоев Абдусалом, Рамазониён Аҳтам, Салимов Эраҷ |
| Маъруф ба | таҳқиқот дар соҳаи фалсафа, таърихи фалсафа, фалсафаи фарҳанг, антропологияи фалсафӣ |
Муҳиба Талъатҷоновна Маҳмадҷонова (Насимова) (Тав. 20.04.1960, ш. Душанбе) — файласуф. Доктори илмҳои фалсафа (2007), профессор (2018).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Муҳиба Талъатҷоновна Маҳмадҷонова дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон таҳсил кардааст (1978–1982). Лабор. калон (1982–1983), асп. (1985–1989), ход. хурди илмии Ин.-ути фалс. АИ Тоҷикистон шуда кор кардааст (1992–1995). С. 1995, пас аз дифоъи рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Этическое учение Джалолуддина Руми» («Таълимоти ахлоқии Ҷалолиддини Румӣ ») ход. калони илмӣ (1995–1997), ход. пешбари илмии Пажуҳишгоҳи фалс. АИ Тоҷикистон (1998–2013) будааст. Солҳои 1998-2000 докторантураи Ин.-ути фалс. АИ Тоҷикистон хат кардааст. Дар ин байн (2007) дар мавзӯи «Религиозно-философское учение Джалолуддина Руми» («Таълимоти динию-фалсафии Ҷалолиддини Румӣ») рисолаи докторӣ ҳимоя намудааст.[1][2] Соли 2013–2014 ба сифати сарходими илмии шуъбаи фалсафа, илм ва мантиқ, с. 2012–2015 мудири шуъбаи сиёсатшиносӣ ва с. 2015–1017 мудири шуъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоуддинови АИ Тоҷикистон ифои вазифа кардааст. Аз с. 2017 то 2020 – муовини директор оид ба илм ва таълими Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоуддинови АМИ Тоҷикистон, аз соли 2020 то ҳол-сарходими илмии шуъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аз соли 2014 то ҳол-раиси Шурои занони АМИТ мебошад. Мактаби шинохти таърихи фалсафаи тоҷик ва румишиносиро дар Тоҷикистон рушд дода дар тарбияи кадрҳои илмӣ саҳм гузоштааст. Раҳбари илмии 17 нафар муҳаққиқи ватанӣ ва хориҷии соҳаи таърихи фалсафа, фалсафаи фарҳанг, антропологияи фалсафӣ, инчунин муҳаққиқони соҳаи сиёсатшиносӣ мебошад.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Муаллифи 5 монография, аз ҷумла «Этические воззрения Джалолуддина Руми» (Д., 2001), «Философия Джалолуддина Руми» (Д., 2007) «Развитие атомной индентичности Ирана на примере её ядерной программы» (дар ҳаммуалл.) Душанбе., 2014, "Международное сотрудничество Республики Таджикистан в борьбе с терроризмом" (дар ҳаммуал.) Душанбе, 2016, "Табаҳҳуре дар таърихи фалсафаи тоҷик". Душанбе, 2018.-431 с. (монография), "Религиозно-философское учение Джалолуддина Балхи". Душанбе, 2022 (монография) . Бо Ифтихорномаи Президенти ҶТ (2018), нишони "Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон" (2019) мукофотонида шудааст.[3]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ ВАК РФ Махмаджанова Мухиба Талатжановна(пайванди дастнорас)
- ↑ Махмаджанова Мухиба Талатжановна(рус.). www.scholar.ru. 5 июли 2019 санҷида шуд.
- ↑ Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6