Мӯрд
Мӯрд | ||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест. Параметрҳои parent ва rangро пур кунед.
|
||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||
Myrtus L. | ||||||||||||||
|
Мӯрд (лот. Mȳrtus) — ҷинси рустаниҳои буттагӣ ё дарахтии ҳамешасабз аз оилаи мӯрдиҳо.
Тавсифоти гиёҳшиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Баргҳои муқобили ҳамдигар ҷойгиршуда, гули аксар тоқаи дуҷинсаи актиноморфӣ ва ғуҷуммева дорад. Қариб 100 намудаш бештар дар минтақаҳои тропикӣ ва субтропикии Америка ва қисман Авруосиё, Африқо, Австралия ва Зеландияи Нав мерӯяд.
Корбурд
[вироиш | вироиши манбаъ]Як намуди мӯрд (Myrtus communis)-po аз қадимулайём чун рустании ороишӣ кишт мекунанд. Баргу поя ва қисмҳон дигари Myrtus communis равғани эфир дорад. Бинобар ин онро чун хӯриши таом ва дар атриёт истифода мебаранд.
Мӯрди соmunis-po дар соҳилҳои баҳри Сиёҳ, Кавказ ва Қрим дар замини кушод, дар ноҳияҳои дигари мамлакат бошад, дар хонаю гулхонаҳо чун рустании ороишӣ кишт мекунанд.
Хосияти шифоӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Барг, тухм ва меваи мӯрдро дар тибби халқии Ҳиндустон, Арабистон, Осиёи Миёна ва мамлакатҳои дигар чун дорувор кор мефармоянд. Ибни Сино марҳами баргу меваи мӯрдро барои табобати шикастагии устухон, зарбу лат, омос, захм, ҷӯшоби мӯрдро барои табобат аз заҳри мор ва дуди баргу пояашро барои табобати табларза истифода бурдааст. Ӯ мӯрдро чун воситаи косметикӣ (барои нест кардани озах, доғи кунҷитак, бӯи нохуши бадан ва ғайра) низ тавсия кардааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.