Jump to content

Набзи Файзобод

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Формат A3

Ношир Матбааи «Набзи Файзобод»
Асосгузорӣ 14 июни 1933
Забон тоҷикӣ
Дафтари марказӣ н. Файзобод, кӯчаи Зебуниссо

«Набзи Файзобод» (то соли 1969 «Меҳнати сотсиалистӣ»[1] ва аз соли 1970 то 1990 «Меҳнати коммунистӣ») — нашрия ва корхонаи табъу нашри ноҳияи Файзобод.

Бо қарори маҷлиси Бюрои иҷроияи КМ ПК(б) Тоҷикистон таҳти № 43 аз 14 июни соли 1933 бо номи «Меҳнати сотсиалистӣ» дар ҳаҷми ду саҳифа аз чоп баромад. Редаксия бо матбаа дар як ҳуҷраи хурд ҷойгир буд. Аз соли 1933 то соли 1959 бо номи «Меҳнати сотсиалистӣ» чоп мешуд. Аз соли 1960 то соли 1969 бинобар ба ноҳияи Орҷоникидзеобод якҷоя шудани ноҳияи Файзобод чопи нашрия ҳам қатъ гардид. Соли 1969 баъди аз нав ташкил шудани ноҳия, аз моҳи январи соли 1970 нашрия бо номи «Меҳнати коммунистӣ» дуюмбора дастраси хонандагон гардид. Соли 1990 «Набзи Файзобод» ном гирифт. Нашрия аз шумораи нахуст то ба имрӯз ба мактаби тарбияи мутахассисони шинохтаи соҳаҳои гуногун мубаддал гардидааст.

Муҳаррирони нашрия

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муҳаррирони собиқи нашрия Саъдуллоев Бобишо, Маҳмадҷонов А., Қурбонов Шоҳмирзо, Очилов Абдусамеъ, Ашӯров Сафаралӣ, Рауфов Абдураҳим, Ашӯров Авғон, Аҳмадов Маҳмадҷон, Аҳмадов Раҷабалӣ, Шарифов Талабшоҳ, Раҳмонов Тоир, Қурбонов Фирдавсӣ, Мӯминов Ҷӯрабек дар сари вақт ва босифат таҳия намуда, ба хонандагон дастрас кардани нашрия саҳми муносиб гузоштаанд. Ҳоло муҳаррири нашрия Тағоева Мунаввара мебошад. Ҳамчунин дар ин даргоҳ қаламкашон Бобоев Сафар, Баротов Гулмаҳмад, Шарифов Гадо, Шоев Сироҷ, Қурбонов Муродалӣ, Гадоев Неъматулло, Бадриддинова Баргигул, Ҳомид Ҷомизода, Ҳакимов Миробшоҳ, Гулов Холмурод, Абдуллоев Абдуҷаббор, Абдураҳмонов Нурмуҳаммад, Бобишоев Неъматулло, Қаландаров Ғозибек, Азимов Хурсанд, Соҳибназаров Тилло, Чистопрудова О. М., Тошев Нурулло, Ҷобиров Тӯрабек, Низомиддини Шамсиён, Рустами Назир, Мирзоев Саъдӣ, Толибов Маҳмадсиддиқ, Сафаров Нуралӣ, Назиров Исо, Ҷалилов Маҳмадалӣ, Аминов Файзалӣ, Воҳидов Шарофиддин, Ҳакимов Рустам, Ҳакимов Ислом, Файзов Садриддин, Ҳакимов Сафар, Мирова Баҳриниссо, Қутбиддинов Бахтиёр, Ҷомиев Қурбон, Восеев Қурбон, Шералиева Сафаргул, Ризоева Холниссо ҳамчун кормандони эҷодӣ фаъолият намудаанд. Солҳои 80 – 90 садаи XX нашрия ҳамсола аз 100 мухбири ҷамоатӣ то 2500 – 3000 мактуб мегирифт.

Фаъолияти нашрия бо матбааи ноҳия сахт алоқаманд аст. Бо вуҷуди душвориҳо дар нашрия ва матбаа баробари нашрияи ноҳиявӣ ҳамчунин нашриҳои «Ситораи Сурх»- и ноҳияи Норак ва «Роҳи Ленин»-и сохтмони роҳи Душанбе – Помир чоп мешуд. Дар матбааи ноҳия Қурбонов Шоҳмирзо роҳбар буд. Пас аз таъсиси дуюмбораи ноҳия сарварии матбааро Комилов Шукрулло ба уҳда дошт. Дар ин ҷода зиёда аз 50 сол Қурбонов Насриддин, писараш Қурбонов Исломиддин (хатмкардаи Донишкадаи полиграфии ш. Москва), Ятимов Саъдулло, Саидов Нуриддин, Ризоев Тағой, Солиҳов Нусратулло, Зоиров Мир, Ашӯров Ғуломалӣ фаъолият намудаанд. Аз соли 2003 дар заминаи филиали матбааи ш. Ваҳдат Корхонаи воҳиди давлатии табъу нашр ташкил шуд.

Соли 1983 ба ифтихори 50-солагии «Меҳнати Коммунистӣ» нашрия, муҳаррир Ф. Қурбонов ва ҳуруфчин Солиҳов Нусратулло бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидаанд. Ҳоло муассиси нашрия раиси ноҳия ва ҳайати эҷодии он мебошанд.