Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Гиёҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Наботот)
Гиёҳ
Многообразие растений
Многообразие растений
Табақабандии илмӣ
Салтанат:
Рустаниҳо
Номи илмӣ
Plantae Haeckel, 1866
Отделы

Гиёҳон, рустаниҳо, наботот (лот. Plantae, ё Vegetabilia) — гурӯҳи бузурге аз андомгон монанди дарахтон, алафҳо, сарахсҳо хазаҳо, кактус ва суккулентҳо ҳастанд.

Аксари гиёҳон фотосинтетикӣ буда, энергияро аз нури офтоб мегиранд. Онҳо бо ёрии моддаи сабз — хлорофилл, ки дар хлоропластҳояшон ҷойгир ҳастанд, аз гази карбону об қанд (ғизо) месозанд. Баъзеашон паразитӣ буда, аз ба ҷои фотосинтез, энергияро аз рустаниҳои дигар ё занбӯруғҳо мегиранд. Аксари рустаниҳо организмҳои бисёрҳуҷайра ҳастанд, вале баъзе обсабзҳо танҳо якҳуҷайра доранд.

Аз рӯи биологияи Арасту, салтанати рустаниҳо ҳамаи мавҷудоти зиндае, ки ҳайвон набудандро дошт ва обсабзҳову занбӯруғҳоро низ дар бар мегирифт. Лекин аз рӯи фаҳмиши имрӯза, занбӯруғҳо ва баъзе обсабзон ба салтанати рустаниҳо дохил намешаванд.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Фарҳанги забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) Ҷ. 2 П — Ҷ./Дар зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р.Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ. — Москва 1969, — c. 152