Навзод
Навзод – кӯдаке, ки нав ба дунё омадааст. Давраи навзодии тифл аз лаҳзаи таваллуд то чор ҳафтаи баъди онро дарбар мегирад. Дар давраи навзодӣ кӯдак акнун ба муҳити атроф мутобиқ мешавад. Кӯдаки расида нисбат ба чала ин давраро ба осонӣ аз сар мегузаронад. Кӯдаки расида ҳамонест, ки баъди 39 ҳафтаи ҳомилагӣ тавлид ёфтааст. Вазни кӯдаки расида 3500 ± 450 г (барои писарчаҳо) ва 3300 ± 460 г (барои духтарчаҳо); қадаш 48 – 52 см аст. Ба вазну қади кӯдак омилҳои зиёд таъсир мерасонанд: саломатӣ, низоми ғизогирии модар дар давраи ҳомилагӣ, синну сол ва инкишофи ҷисмонии волидон, хусусияти кори онҳо ва ғ. Баъди таваллуд ва бастани ноф дар организми кӯдак як қатор дигаргуниҳои муҳим рӯй медиҳанд: баробари гиряи аввалин шуши кӯдак рост шуда, ӯ ба нафасгирии мустақил шурӯъ мекунад, гардиши хун тағйир меёбад, ба воситаи ҳамроҳак аз организми модар гузаштани моддаҳои ғизоӣ ва оксиген қатъ мегардад, мубодилаи моддаҳо дигар мешавад, кӯдак наҷосату пешоб ихроҷ мекунад. Ба Н. ҳарорати муҳити атроф низ таъсир мерасонад. Дар натиҷа вазни кӯдак дар 3 – 5 рӯзи баъди таваллуд ба таври табиӣ 100 – 300 г (6 – 8%-и вазни таваллуд) кам мешавад. Дар охири ҳафтаи дуюм вазни пештараи аксарияти кӯдакон (он вазне, ки дар аввали таваллуд доштанд) барқарор мешавад. Пӯсти Н.- ҳо (ҳангоми ламс) нозук, гулобӣ, мисли махмал мулоим буда, зуд осеб меёбад. Дар натиҷаи нигоҳубини нодуруст пухтани пӯст ва рихинаксорӣ мушоҳида карда мешавад, ки онҳо зуд тамоми пӯстро фаро мегиранд. Пӯсти Н. дар давоми ду рӯзи аввал сурх мешавад ва он худ аз худ мегузарад, баъд аз ин пӯст сабӯсак барин хушкида мерезад. Дар аксари Н. - ҳо аз рӯзҳои 2 – 3-юм заъфармаи физиологӣ пайдо мешавад, ки он тадриҷан дар охири ҳафтаи 1-ум ва аввали ҳафтаи 2-юм барҳам мехӯрад. Он натиҷаи фаъолияти номукаммали ҷигар буда, ба табобат зарурат надорад. Бо вуҷуди он бояд дар хотир дошт, ки заъфарма баъзан аломати аввалини камхунии гемолизии Н. низ мебошад. Дар пушти сар, пилкҳои болои чашм, байни абрӯвони баъзе кӯдакон доғҳои сурх, дар бинӣ холҳои сафед пайдо мешаванд; ҳамаи онҳо дар моҳи аввал худ аз худ нест шуда мераванд. Дарозии мӯи сари Н. - ҳо то 2 см буда, мижгону абрӯвон қариб ноаёнанд; нохунҳо ғафс мешаванд. Қабати зерипӯстии чарб, махсусан дар рухсора, тахтапушт хуб инкишоф ёфтааст. Ҳангоми аз батни модар берун омадан, баъзан дар бофтаҳои нарми сари Н. андаке варам – омоси таваллуд пайдо шуда, дар рӯзҳои 2 – 3 нест мегардад. Дар охири ҳафтаи якум аксар вақт калон ва дардманд шудани ғадудҳои синаи ҳам писарчаҳо ва ҳам духтарчаҳо ба мушоҳида мерасад (ниг. Дарди синаи навзодҳо). Устухони Н. аз сабаби норасоии намак мулоим ва чандир буда, ҳангоми нодуруст нигоҳубин кардан (агар кӯдакро ба болишт шинонанд, барвақт ба по рост монанд ва ғайра), зуд каҷ мешавад. Устухонҳои косахонаи сар низ мулоим буда, бо ҳам пайваст нашудаанд, дар пайвандгоҳи се ё чор устухон ҷойҳои нарм –ташнаки сар (нармаки сар) боқӣ мемонанд.Ташнакҳои сар калон ва хурд мешаванд. Ташнаки калон дар натиҷаи пайваст шудани устухони фарқи сар ва пешонӣ ба вуҷуд омадааст; андозии он 1,8 – 2,6 х 2 – 3 см буда, одатан, то яксолагӣ маҳкам мешавад. Ташнаки хурди сар дар аксарияти кӯдакони Н. маҳкам аст. Гирди сари кӯдаки моҳаш пурра нисбат ба гирди қафаси сина 1 – 2 см калонтар аст. Тани ӯ назар ба пойҳо, дастонаш нисбат ба пойҳо дарозтаранд; дарозии сараш ¼ ҳиссаи дарозии баданро ташкил медиҳад. Вақти таваллуд бинобар нармии пайвандгоҳи устухонҳои косахонаи сар шакли сари Н. метавонад тағйир ёбад, ки ин боиси сабукии таваллуд мегардад. Пас аз чанд рӯз сар шакли муқаррариро мегирад. Мушакҳои Н. ташаккул ёфта бошанд ҳам, бинобар номукамалии системаи асаб ҳанӯз барои ҳаракат кардан малака пайдо накардаанд. Ҳаракатҳои Н. бешуурона буда, дастҳо аз оринҷ дуқат ва пойҳо ба тарафи шикам кашида шудаанд. Мушакҳои Н. суст инкишоф ёфтаанд, ӯ сари худро дошта наметавонад Ҷавфи бинии Н. танг ва луобпардаи он нозук буда, рагҳои хунаш хеле зиёд аст. Аз ин сабаб дар мавриди ба зуком гирифтор шудан, луобпардаи бинӣ варам карда, луоби зиёд ҷудо мекунад. Дар натиҷа нафасгирӣ (ба воситаи бинӣ) душвор мешавад; кӯдак ноором мегардад, синаро нағз намемакад. Дар ин сурат дарҳол ба духтур муроҷиат кардан зарур аст. Қабурғаҳои Н. ба таври уфуқӣ ҷой гирифтаанд, қафаси сина хумшакл буда, мушакҳои нафаскашӣ суст инкишоф ёфтаанд, бинобар ин нафасгирии Н. рӯякӣ аст (асосан бо ёрии диафрагма ба амал меояд). Аз ин рӯ, мунтазам ба холӣ шудани рӯдаҳои кӯдак назорат кардан лозим (чунки рӯдаҳои пур ба диафрагма фишор меоранд). Кӯдакро сахт парпеч кардан мумкин нест. Н. баъди таваллуд баробари гиряи якуми худ ба нафаскашӣ сар мекунад; адади нафасгирии ӯ дар як дақиқа 40 – 60 маротиба буда, ҳатто ангезаҳои ночиз боиси афзоиши он мегарданд. Системаи дилу рагҳои Н. пурра ташаккул ёфта бошанд ҳам, инкишофи онҳо ба охир нарасидааст. Теъдоди набзи Н. дар як дақ. то 120 – 140 зарба мебошад; дар рӯзҳои аввали ҳаёт муваққатан сустии набз (то 70 – 80 зарба дар 1 дақ.) мушоҳида карда мешавад. Набзи тифл ниҳоят тағйирёбанда аст (дар вақти макидан ва гиря кардан дар 1 дақ. то ба 160 – 200 зарба мерасад). Вазни дили Н. нисбатан калон буда (20 – 24 г), қариб 0,8%- и вазни баданро ташкил медиҳад. Узвҳои ҳозимаи Н. аз ҷиҳати функсия инкишоф наёфта бошанд ҳам, ба сабаби баланд будани мубодилаи моддаҳо кори зиёдро иҷро мекунанд. Бинобар ин, хурдтарин хато ҳангоми макондан боиси бемории диспепсия мегардад. Даҳон барои макидан мувофиқ гардидааст; забон нисбатан калон буда, луобпардаи милкҳо чин дорад, ки он ҷафс пӯшидани даҳонро таъмин мекунад. Аввалҳо оби даҳон кам ҷудо мешавад. Дарозии сурхрӯдаи Н. қариб 10 см аст; мушакҳои он суст инкишоф ёфтаанд, сурхрӯда бо меъда алоқаманд мебошад. Ҳамаи ин барои аз меъда баргашта ба сурхрӯда омадани шир мувофиқат мекунад. Бинобар ин тез-тез оруғ задани Н. ҳамеша нишонаи беморӣ нест. Гунҷоиши меъда аввал хурд буда (30 – 35 мл), дар охири ҳафтаи 2 - юм то 100 мл меафзояд. Ғадудҳое, ки дар меъдаю рӯдаҳо ҷой гирифтаанду моддаҳои барои ҳазми хӯрок зарур ҳосил мекунанд, ба қадри кофӣ инкишоф наёфтаанд, аз ин рӯ роҳи меъдаю рӯдаи Н. барои қабули шири сина хуб мувофиқ шудааст. Мушакҳои рӯда (таҳрикаи онҳо ба ҷунбиши кирм монанд буда, ба ҳаракати ғизо сабаб мешавад) низ суст инкишоф ёфтаанд. Дар натиҷа баъзан газҳо хориҷ нашуда, дамиши рӯдаҳо (метеоризм) ба вуҷуд меояд. Бинобар ин, ҳамеша ба қазои ҳоҷати кӯдак назорат кардан лозим аст. Соатҳои аввал ё рӯзҳои аввали ҳаёт ранги наҷосати кӯдаки Н. (момеза) зарди тира ё сабзи тира аст. Аксар вақт ихроҷи момеза дар шаборӯзи дуюм қатъ гардида, аз шаборӯзи чорум ихроҷи наҷосати муқаррарӣ, ки рангаш зарду бӯи турш дорад, шурӯъ мешавад. Ҳафтаи аввал Н. дар 1 шаборӯз 4 – 5 маротиба қазои ҳоҷат мекунад (дар он омехтаи сабзтоб ва доначаҳои сафед ҷой доранд). Гурда ва роҳҳои пешоб хуб ташаккул ёфтаанд, аммо дар чанд рӯзи аввал кори онҳо суст аст (кӯдак дар 1 шаборӯз 5 – 6 маротиба пешоб мекунад). Аз ҳафтаи 2-юм сар карда, гурдаҳо беҳтар кор мекунанд (дар 1 шаборӯз 20 – 25 маротиба пешоб меронад). Сабаби тез-тез пешоб кардани Н. дар он аст, ки масонаи ӯ ҳаҷман хурд буда, девораҳои он ба қадри зарурӣ васеъ намешаванд. Узвҳои ҷинсии Н. ташаккул ёфтаанд – хояи писарчаҳо ба хоядон фаромадааст, лаби калони маҳбали духтарчаҳо лаби хурдро мепӯшонад. Бояд дар хотир дошт, ки дар охири ҳафтаи якуми ҳаёт баъзан аз сӯрохии узви таносули духтарчаҳо луоб ё хун ҷорӣ мешавад, ки он баъди 1 – 2 рӯз худ аз худ қатъ мегардад. Дар ҳамин давра варами хоядони писарчаҳо низ мушоҳида мешавад. Сабаб дар он аст, ки ба организми Н. тавассути ҳамроҳак ё шири сина моддаҳои махсус (гормонҳо) мегузаранд (онҳоро ғадудҳои ҷинсии модар ҳосил мекунанд). Дар ин вақт кӯдак махсусан ба нигоҳубини дуруст эҳтиёҷ дорад: зуд-зуд иваз кардани парпеч, бо маҳлули камранги перманганати калий шустани узвҳои таносул. Агар ихроҷи тарашшӯҳ бештар аз 2 рӯз давом кунад, ба духтур муроҷиат кардан зарур аст. Системаи асаби Н. ҳанӯз пурра инкишоф наёфтааст. Қисми зиёди шаборӯз онҳо хоб рафта, фақат ҳангоми гурусна мондан ё аз таъсироти нохуш (хунукӣ, тар шудани парпеч, дамиши шикам ва ғайра) бедор мешаванд. Дар ин давра фақат рефлексҳои ирсии кӯдак – маккиш, чангол задан, фурӯ бурдан, мижа задан, ҳифз ва ғ. инкишоф ёфтаанд. Эҳсоси таъм низ хуб тараққӣ кардааст; шомма, биноӣ, сомеа чандон инкишоф наёфта бошад ҳам, Н. аз садои баланд ё таъсири сахти рӯшноӣ ноором шуда, гиря мекунад. Рӯзҳои аввал кӯдак нигоҳашро идора карда наметавонад (аз ин волидон хавотир мешаванд). Ҳаракатҳои Н. бетартибона ва номувофиқанд. Дар 7 – 10 - рӯзагӣ рефлексҳои шартӣ ташаккул меёбанд ( ба ғизо вобастагӣ доранд). Нигоҳубини кӯдаки навзод. Дар таваллудхона кӯдакро кормандони тиббӣ нигоҳубин мекунанд. Дар хона ҳама чизҳои заруриро пешакӣ тайёр кардан лозим. Хонае, ки барои кӯдак ҷудо карда мешавад, бояд ба қадри имкон равшан ва хушк бошад, ҳавои онро мунтазам тоза кардан зарур аст. Чизҳои зиёдатиро аз хона мебароранд. Қаблан бояд катча (кӯдакро ҳама вақт дар аробача нигоҳ доштан норавост), ваннача, аробача, ҳароратсанҷ (барои ҳарорати обро санҷидан) харида шавад. Пеш аз омадани модар ва кӯдак аз таваллудхона тамоми хонаро нағзакак покиза мекунанд. Минбаъд ба таври мунтазам фарши хонаро бо латтаи тар пок карда, ҳавои онро дар ҳар се соат 10 – 15 дақ. тоза менамоянд; ҳарорати хона бояд мудом 20 – 220 бошад. Дар мавсими гарми сол бодхон ё тиреза бояд кушода истад. Дар хонае, ки Н. хобидааст, тамоку кашидан ва хӯрок пухтан мумкин нест. Ашёи нигоҳубини кӯдак дар мизчаи назди кати ӯ нигоҳ дошта мешаванд. Болои онҳоро бо дока ё сачоқи тоза мепӯшанд. Ашёи зарурӣ барои нигоҳубини кӯдак инҳоянд: равғани тамйизшудаи вазелин – 1 шишача; пахтаи тамйизшуда – 1 бандча; пистонак – 6 дона, ҳароратсанҷ барои санҷидани ҳарорати бадан – 1, ҳароратсанҷ барои санҷидани ҳарорати об – 1, ҳуқна (№ 1) – 1, чакрарезак – 2, кислотаи 2%-и борат, перманганати калийи камранг, зарфи сирнок барои ҷӯшондани пистонакҳо, маҳлули йод ё зелёнка – 1 шишача. Либоси Н.- ро пешакӣ тайёр мекунанд. Либосҳои зарурӣ: парпеч аз матоъи пахтагин (андозааш 70 х 100 см) – 20 – 25 дона; парпечи бумазӣ (андозааш 70 х 100 см) – 12-то; урбечаи суринпечонаки докагин (андозааш 50 х 50 см) – 20 – 25-то; клеёнка (андозааш 60 х 6см) – 2-то; ҷилди кампал ва ҷойпӯш – 4 – 6-то, куртачаҳои пешкушодаи бумазӣ – 4 –6-то; кулӯтаи гарм ва пахтагин 2 – 3-тогӣ, кампали байка, мӯина ва пахтагин – 1-тогӣ, эзорча 8 – 12-то. Дарзи куртачаю парпечҳо бояд дағал набошад. Ҳама чизҳои навро мешӯянд ва меҷӯшонанд. Минбаъд либосҳоро аз рӯи зарурат шуста, аз ҳар ду тараф дарзмол мекунанд. Либоси кӯдак фақат бо собуни бачагона шуста мешавад. Ҷойгаҳи кӯдак бояд алоҳида бошад. Катчаро дар ҷои равшан, дуртар аз асбобҳои гармкунӣ ва дару тиреза мемонанд. Барои каҷ нашудани сутунмуҳра кӯдакро бе болишт мехобонанд; бистар набояд пахтагин ё парин бошад. Бо ин мақсад аз бистарҳои пашмдор, коҳдор ё синтезӣ истифода мебаранд. Барои зимистон ба ҳавои тоза баровардани кӯдак се хел кампал лозим аст: байка, мӯина ва пахтагин. Пеш аз парпеч кардан, ба рӯи миз кампали байка паҳн мекунанд; баъд плеёнка, парпечи бумазӣ, парпечи пахтагин ва ниҳоят уребчаи суринпечонакро секунҷа қат карда мемонанд. Ба кӯдак аввал куртачаи бумазӣ мепӯшонанд, домани куртача бояд баробари ноф бошад. Баъд аз ин уребчаи суринпечонакро маҳкам печонда, сипас кӯдакро аввал дар парпечи пахтагин ва баъд бумазӣ парпеч мекунанд. Канори болоии парпечҳо бояд озод бошад. Кулӯта (чепчик) пӯшонидан ё рӯймол бастан шарт нест. Агар ҳарор. хона 20 – 220 бошад, ба болои кӯдак чизи дигар намепӯшонанд. Аз ҳад зиёд гарм печондани кӯдак боиси дар рӯи пӯст пайдо шудани гармича мегардад. Бо мақсади покиза доштани навзод ҳар пагоҳӣ бадани ӯро бодиққат аз назар мегузаронанд, дасту рӯяшро бо оби ҷӯшидаи каме гарм мешӯянд. Суфраи гӯшро бо пахта, сӯрохиҳои гӯшро бо пилтапахта боэҳтиёт тоза мекунанд. Ба чинҳои пӯст (чинҳои гардан, қадкашак, таги зону, оринҷ, паси сурфаи гӯш) равғани тамйизшудаи вазелин ё офтобпараст мемоланд. Биниро низ бо пилтапахтаи ба равғани вазелин таркарда тоза мекунанд (аз пилтачӯб истифода намебаранд). Чашмҳоро бо пахтае, ки ба маҳлули кислотаи 2% - и борат (1 қошуқча хокаи кислотаро ба 1 истакон оби ҷӯшида) тар карда шудааст, аз кунҷи охири чашм ба тарафи бинӣ нигоҳ карда тоза мекунанд. Агар дар ҷойҳои мӯйдори сар карахш пайдо шуда бошад, равғани вазелин мемоланд. Барои гирифтани нохунҳои дасту по қайчиро пешакӣ бо спирт ё атр тоза мекунанд. Захми ноф, одатан дар давоми ҳафтаи аввал шифо меёбад. Баъди аз таваллудхона баромадан, духтури бачагон ва хоҳари шафқат ба дуруст шудани он назорат мекунанд (бе иҷозати онҳо кӯдакро оббозӣ дорондан мумкин нест). Агар нофи кӯдак шифо наёфта ӯро оббозӣ доранд, ба захми ноф микроб даромада, он мадда мекунад ва боиси уфунат (сирояти хун) мешавад. Рӯзҳои аввал ба захми ноф 3 – 4 маротиба маҳлули сабзи бриллиантӣ ё перманганати каллий мемоланд. Ҳангоми тар шудани ноф ё ихроҷи рим дарҳол ба духтур муроҷиат кардан зарур аст, аз воситаҳои хонагӣ истифода бурдан мумкин нест. Пеш аз оббозии якум бояд бо духтур ё хоҳари шафқат маслиҳат кард, алалхусус агар ҷароҳати ноф ҳанӯз пурра шифо наёфта бошад. Одатан, баъди 2 – 3 рӯзи афтидани боқимондаи банди ноф барои оббозӣ кунондани кӯдак иҷозат дода мешавад. Дар шароити шаҳр аз оби водопровод истифода бурдан мумкин аст; оби дарё, ҳавз ва диг. обанборҳоро пешакӣ меҷӯшонанд. Обро то 370 гарм карда, ба он маҳлули перманганати калий илова менамоянд. Ранги об бояд гулобии паст шавад (аввал маҳлули ғализи перманганати калийро тайёр карда, пас миқдори зарурии онро якбора ба об мерезанд). Ба он диққат додан лозим аст, ки ба тағора кристаллҳои маҳлулношуда наафтанд. Ҳарорати хона бояд 22 – 240 бошад. Пеш аз оббозӣ тағораро бо оби гарм ва собун шуста, бо оби ҷӯш мечайқонанд. Н.- ро ҳар рӯз оббозӣ мекунонанд. Мӯҳлати оббозӣ 5 – 7 дақ. аст. Кӯдакро ҳафтае 2 – 3 маротиба собуншӯй кардан лозим. Собуни бачагонаро истифода бурдан беҳтар аст. Ба бадани кӯдак собунро бо даст мемоланд, чунки исфанҷ пӯсти ӯро озурда мекунад. Кӯдакро бо эҳтиёт ба об андохта, сару тахтапушти ӯро ба рӯи дасти чап мегузоранд ва бо дасти рост сурину пойҳояшро медоранд. Баъд дасти ростро раҳо намуда, бо панҷаҳои дасти чап аз зери каши чапи кӯдак медоранд, тахтапушту сари ӯро бо ёрии бозуи чап дошта меистанд. Бо дасти рости озод кӯдакро мешӯянд. Баъди оббозӣ кӯдакро бо оби ҷӯшидаи ҳарораташ 36 – 370 як бори дигар об гирифта, сипас бо ҷойпӯши сафеди дарзмолкарда баданашро хушк мекунанд. Бо кӯдак ҳар рӯз ва дар ҳама гуна фаслҳои сол бояд сайру гашт кард. Ҳавои тозаи хунук иштиҳоро беҳтар намуда, пӯсту шуши кӯдакро пурқувват ва аз бемориҳо пешгирӣ мекунад. Ҳавои тоза ва офтоб омилҳои асосии пешгирии рахит мебошанд. Баъди аз таваллудхона омадан, тобистон аз рӯзҳои аввал, зимистон бошад, аз ҳафтаи дуюм бо кӯдак сайру гашт кардан лозим. Ба кӯдак мувофиқи гармӣ ё хунукии ҳаво либос мепӯшонанд. Зимистон аз болои либоси хонагӣ куртаи гарм пӯшонда, бо кампали байка, пахтагин ё мӯинаи ҷилднок мепечонанд. Рӯи кӯдакро кушода мемонанд. Бори аввал ҳамагӣ чанд дақиқа (ҳатто тобистон на бештар аз 10 дақ.) сайр мекунанд. Тобистон муҳлати сайру гаштро дар ҳавои тоза зиёд кардан мумкин аст; зимистон ҳар рӯз 5 – 10 дақ. зиёдтар сайр мекунанд. Зимистон муҳлати умумии сайругашт набояд рӯзе аз 4 соат зиёд бошад; тобистон тадриҷан тамоми рӯз сайр кардан мумкин мешавад (ғайр аз соатҳои гармтарини рӯз). Тобистон дар аснои сайру гашт ба кӯдак об додан лозим аст. Обутоби кӯдакони солим аслан аз рӯзҳои аввали ҳаёт сар мешавад: ҳангоми парпеч кардан, Н.- ро 1 – 2 дақ. бараҳна мондан мумкин. Хусусиятҳои физиологии навзодон. Азбаски узву системаҳои гуногуни организми кӯдак ҳанӯз пурра инкишоф наёфтаанд, ҳолатҳое рӯй медиҳанд, ки бо вуҷуди муқаррарӣ будани онҳо ва ба дахолати духтур эҳтиёҷ надоштан, боиси парешонии модар мегарданд. Гиря ҳолати муқаррарӣ, воситаи алоқаи кӯдак бо олами атроф мебошад, аз ин рӯ он набояд атрофиёнро ба ташвиш оварад. Гиря ба инкишофи шуш ва мушакҳои нафаскашӣ кумак мерасонад. Бо вуҷуди он дар ҳар ҳолат ба он гӯш дода сабабашро муайян кардан лозим аст. Баъзе сабабҳое, ки боиси нооромии кӯдак гардида, зарурати ба он ёрӣ расондан пайдо мешавад, инҳоанд: парпечи тар, дамиши рӯдаҳо, қабзият, илтиҳоби гӯши миёна (отит). Аксаран гиряи кӯдак маънои ягон хоҳиши ӯро дорад: «ба як паҳлӯ хобидан ба дилам зад», «гурусна мондам», «об мехоҳам», «гарм шудам», «хунук хурдам», «бад парпеч кардед». Бояд дар хотир дошт, ки гиряи кӯдак, махсусан агар он гӯшхарош ё паст, нолишдор, тез ва давомнок бошад, зуҳуроти ягон беморӣ шуда метавонад. Дар ҳар маврид ҳолати умумии кӯдак ва афзоиши вазни ӯро ба назар гирифта, ба духтур маслиҳат кардан зарур аст. Метеоризм бо газ пур шудани рӯдаҳост. Дар чунин вазъият кӯдак ноором мешавад, «почак мезанад», пойҳояшро ба шикам ҷафс мекунад. Шикам таранг мешавад, баробари ба он даст расондан, кӯдак беқарор мегардад. Ҳар сари чанд вақт шиками кӯдакро аз рӯи ҳаракати ақрабаки соат молиш додан, болои онро бо ҷойпӯши гарм пӯшондан, кӯдакро бо шикам хобондан зарур аст. Агар ҳамаи ин нафъ накунад, бо иҷозати духтур ба найчаи бодбаро вазелин молида, онро ниҳоят эҳтиёткорона ба мақъад 15 – 20 дақ.дароварда мемонанд. Н. - ҳо зуд-зуд гирифтори қабзият мегарданд, алалхусус агар режими макондан ва об нӯшондан вайрон карда шавад. Қазои ҳоҷат набояд аз як шаборӯз гузарад. Дар сурати ба қабзият гирифтор шудан, кӯдакро ё бо шикам мехобонанд, ё мувофиқи самти ҳаракати ақрабаки соат шикамашро молиш медиҳанд, ё ин ки ба рӯи шикам ҷойпӯшчаи гарм мегузоранд. Агар ин нафъ нарасонад, ҳуқна мекунанд. Барои ҳуқна кардан, кӯдакро болои клеёнкаи бо парпеч пӯшида якпаҳлӯ ва пойҳояшро андаке қат карда мехобонанд. Нӯги балончаро равғани вазелин молида, бо эҳтиёт ба мақъад ворид мекунанд. Барои ҳуқна кардан, оби ҷӯшидаи (30 мл) ҳарораташ 300 истифода бурда мешавад. Кӯдакони Н. зуд-зуд қай мекунанд. Он ба хусусияти сохти меъдаю сурхрӯдаи кӯдак вобаста аст; ғайр аз ин дар вақти макидан кӯдакон ҳаворо фурӯ мебаранд, ки минбаъд он хориҷ шуда, бо худ ширро низ мебарорад. Барои пешгирии қайкунӣ пас аз маконидан кӯдакор як муддат дар дасти рост нигоҳ медоранд ё бо шикам мехобонанд. Аммо агар кӯдак пас аз ҳар макондан ё якбора бисёр (ба мисли «фаввора») қай кунад, дарҳол ба духтур муроҷиат кардан зарур аст. Ҳикак, одатан, худ ба худ мегузарад. Агар ҳикак дер давом кунад, ба кӯдак об нӯшонида, ба катча мехобонанд, то ки осуда бошад. Пӯхтани пӯст ҳангоми нигоҳубини нодурусти кӯдак рӯй медиҳад. Он баъзан зуҳуроти ширинча буда, бо сурх ва тар шудани пӯсту сурин зоҳир мегардад. Барои пешгирии пухтани пӯст баъди ҳар дафъаи қазои ҳоҷат кардани кӯдак либосҳои ӯро иваз намуда, ба чинҳои қадкашак ва сурин вазелин ё равғани тамйизшудаи офтобпараст ва ё креми кӯдакона мемоланд. Агар пӯст бисёр пухта бошад, кӯдакро чунон парпеч мекунанд, ки ҷойҳои махсусан сурхшудаи пӯст як муддат кушода монад. Дар ҳамаи мавридҳои сахт пухтани пӯст ба духтур муроҷиат кардан зарур аст. Ҳангоми сахт сурх шудани пӯст ва харош ёфтани он ба тавсияи духтур эмулсия ё линиментҳои синтомитсин ва стрептомитсин мемоланд.[1]
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Ад.: Коровкин М.А., Почему дети болеют, М., 2003; Павлова Л.Н., 365 дней и ночей из жизни ребёнка, М., 2003; Петрова Н.Н., Мама, ӯ меня болит живот, М., 2004; Елиневская Г.Ф., Заболевания ӯ новорожденных детей, Минск, 2004. К.И. Исмоилов.