Навори Ғазза
Навори Ғазза (ар. قطاع غزّة , ибрӣ: רצועת עזה retsuat aza]) — ноҳияест наворгуна, ки дар канори дарёи Мадитарона (Миёназамин) ва дар минтақаи Ховари Миёна қарор дорад. Кишвари Фаластин шомили ду минтақаи ҷудо аз ҳам ба номҳои Каронаи бохтарии рӯди Урдун ва бахши худгардони Навори Ғазза аст, ки дар ду сӯи Исроил қарор доранд ва ин ду бо ҳам сарзамини Фаластинро ташкил медиҳанд. Каронаи бохтарӣ дар шарқи сарзамини Фаластин ва Ғазза дар ҷануби ғарбии он аст.
Навори Ғазза аз ҷануби ғарбӣ бо Миср ва аз шимолу шарқ бо Исроил ҳаммарз аст. Навори Ғазза дарозои 41 километр ва паҳнои 6 то 12-километрӣ ва масоҳате баробари 360 километри мураббаъ дорад. Навори Ғазза номашро аз шаҳри Ғазза, ки бузургтарин шаҳр дар минтақаи Навори Ғазза аст, мегирад. Бахшҳое аз ҳамин сарзамини кӯчак ҳам ба унвони минтақаи Ҳоил миёни Ғазза ва Исроил ба шумор меояд ва аз ин рӯ, барои ғаззаиҳо истифода аз он нашуданӣ аст.
Дар соли 2020 беш аз 1 миллиону 900 ҳазор тан дар Ғазза зиндагӣ мекунанд, ки ҳамагӣ фаластинӣ ҳастанд. 98 то 99 дарсади мардуми Ғазза, мусулмони суннӣ, камтар аз як дарсад масеҳӣ ҳастанд. Шумори каме ҳам бединанд ё дини худро эълом накардаанд. То соли 2005 шуморе аз яҳудии асроилӣ низ дар Ғазза сокин буданд, вале бо ҷудо шудани сукунатгоҳҳо, яҳудиён онҷо зиндагӣ намекунанд. Мардуми Ғазза ба арабӣ сухан мегӯянд, вале ду забон — ибрӣ ва англисӣ низ миёни фаластиниён ривоҷ дорад. Ғазза ҷамъияте бисёр ҷавон (18 сол миёнгин) дорад.
Ҷамъияти бисёр бузург нисбат ба мизони андаки замин, ба ҳамроҳи нархи борварӣ ва рушди ҷамъияти болоии Ғазза (2/13 дарсади солона) ба зичии ҷамъиятии бисёр боло (5/328 тан дар ҳар километр мураббаъ) анҷомида, ки аз ин дид Ғазза дар миёни кишварҳои ҷаҳон аз зичтаринҳост. Танҳо ду кишвари мустақили ҷаҳон (Мокоъу ва Сингапур) зичии ҷамъиятии беш аз ин доранд. Бо чунин ҷамъияти бисёре, ба гузориши соли 2018 Созмони милали муттаҳид, Ғазза то сол 2020 дархур зист нахоҳад буд.
Сиёсат
[вироиш | вироиши манбаъ]Пас аз шикасти нерӯҳои императории Усмонӣ аз Бритониё дар тӯли Ҷанг ҷаҳонии аввал, давлати вақти Биритониё дар 25 апрели 1920 мелодӣ контроли Навор Ғаззаро ба ҳамроҳи дигар сарзаминҳои Фаластин бар уҳда гирифт ва бо ташкили як низоми ҳукуматӣ таҳти унвони қаймумияти Биритониё бар Фаластин ба контроли Навори Ғазза ва дигар сарзаминҳои Фаластин пардохт. Пас аз ҷанг истиқлоли Исроил дар соли 1948 мелодӣ ва таъсиси кишвари Исроил дар бахше аз сарзаминҳои таҳти қаймумияти Биритониё ва тасарруфи Навори Ғазза тавассути артиши Миср, паймони сулҳи муваққат 1949 миёни Исроил ва Миср, Урдун, Сурия ва Лубнон ба имзо расид, ки бино бар моҳияти он, навори Ғазза таҳти контроли кишвари Миср қарор дошт. Ин аҳднома то оғози ҷанги шашрӯза дар сол 1967 ва шикасти аъроб давом дошт, то инки дар ин ҷанг Навори Ғазза таҳти ишғоли низомии нерӯҳои дифоъи Исроил даромад.
Пас аз 38 сол, ки шаҳракҳои исроилӣ мӯҷиби таниш мешуд, Исроил дар соли 2005 сарбозон ва шаҳрвандонашро аз он минтақа хориҷ кард. Як сол баъд, ҷунбиши Ҳамос дар интихоботи Ғазза пирӯз шуд. Дар июни 2007 Ҳамос контроли комили Навори Ғаззаро ба даст гирифт ва рақиби муътадилтари худ, яъне ҷунбиши Фатҳро аз қудрат канор зад. Исроилиҳо ба суръат муҳосираи худ бар Ғаззаро ташдид карданд ва ҳамлу нақл коло ва рафтуомади мардум ба ин минтақаро маҳдудтар карданд.
Шаҳрҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аббосон
- Байти Ҳонун (ар. بيت حانون (ибрӣ: בית-חנון
- Ғазза (Азо) (ар. غزة (ибрӣ: עזה
- Дайрулбалах (ар. دير البلح
- Рафаҳ (ар. رفح инчунин Рафах, ибрӣ: רפיח
- Хон Юнус (ар. خان يونس (ибрӣ: (חאן-יונס)
- Ҷиболия (ар. جباليا
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]- Соҳили Ғарбӣ (ноҳияи Яҳудо ва Самария)
- Баландиҳои Голан
- Рӯзи Ғазза
- Ишғоли Миср дар навори Ғазза
Қайдҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 https://esadir.cat/entrades/fitxa/node/gazia
- ↑ 2.0 2.1 ésAdir > gazià | gaziana
- ↑ archINFORM (нем.) — 1994.
- ↑ https://peacemaker.un.org/israelopt-cairoagreement94
- ↑ Indicators (ингл.)
- ↑ https://globalfinancialdata.com/palestine
- ↑ Ralph J., Nikischer T., Mineralogy H. I. o. Mindat.org (ингл.): The Mineral and Locality Database — [Keswick, VA], Coulsdon, Surrey: 2000.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сомонаи расмии маъмурияти навори Ғазза(ар.)
- Навори Ғазза: таърихи ишғоли қаламрави Фаластин. Истинод
- Омодагии низомии Ҳамос дар навори Ғазза (таҷдидшуда апрели 2008)(пайванди дастнорас) (пайванди дастнорас)</link>
- Иқтисодиёти навори Ғазза. Манбаъҳои маблағгузорӣ(англ.)
- Харитаҳои навори Ғазза ва соҳили Ғарбӣ
- Харитаҳои навори Ғазза ва соҳили Ғарбӣ(пайванди дастнорас) (пайванди дастнорас)</link>
- Миф дар бораи муҳосираи Ғазза, Ҷонатан Д. Халевӣ, №. 577 май-июни 2010
- Ал-Қоида дар Ғазза: ҷудо кардани «пойгоҳ»
- Пнина Шарвит-Баруч «Оё навори Ғазза аз ҷониби Исроил ишғол шудааст?» Бойгонӣ шудааст 4 Декабри 2023 сол.
- Le Figaro: как ХАМАС завёл Газу в исламский тупик(рус.). перевод(пайванди дастнорас — таърих). cursorinfo.co.il (22 ноябри 2012). 24 ноябри 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 ноябри 2012.