Наддофӣ
Зоҳир
Наддофӣ, савачӯбзанӣ, шада — ҳунари пахтаро бо чӯбҳои махсус ғоз-ғоз кардан. Мардум бо савачӯбҳо пахтаи кӯрпа, курпача болин, либос ва ғ.-ро сава мекунанд. Саваро аз навдаи душохаи дарахти сахту қаиш (тут, сада, биҳӣ, илғай ва ғайра) месозанд. Дар баъзе маҳалҳо 6-8 дона навдаро гирифта, ба андозаи 120-140 см (ғафсиаш 1,5 см) мебуранд ва онҳоро пуст канда хушк мекунанд. Дар саросари кишвар нимфаъол аст.[1]
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Материальная культура таджиков верховьев Зеравшана. - Д., 1973.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 112