Назарияи заминмарказӣ
Назарияи заминмарказӣ, геосентризм (аз юн.-қад. Γῆ, Γαῖα — Замин) — тасаввуроти илми ҳайъати аҳди бостон, дар бораи низоми маркази Олам будани Замин, ки мувофиқи он Замин маркази Коинот буда, нуҳ фалаки дигар рӯйи ҳамдигар дар болои Замин воқеъ гаштаанд.
Таълимот
[вироиш | вироиши манбаъ]Мувофиқи таълимоти назарияи заминмарказӣ нафақат Моҳ, балки сайёраҳо, Офтоб ва ситораҳо низ дар гирди Замин, ҳамчун маркази ягона, чарх мезананд. Аз давраи Пифагор дар фалсафа ва илм тасаввуроти ҳамоҳангии аҷроми Кайҳон ба вуҷуд омад, ки он ҳаракати мунтазаму даврии ҷисмҳои осмониро тақозо менамуд, вале дар натиҷаи мушоҳидаҳои пайвастаи астрономӣ маълум гардид, ки масири мушоҳидашавандаи баъзе ҷисмҳои осмонӣ (сайёраҳо) ба талаботи мазкур ҷавобгӯ намебошад. Аз ин рӯ, Афлотун шарҳи ин ҳаракатҳои номукаммали ба назар намоёнро вазифаи асосии илми ҳайъат эълоъи дошт. Ҳалли ин масъала ба зиммаи Арасту ва Батламиюс вогузор гардид.
Дар низоми Батламиюс, ки қуллаи назарияи заминмарказӣ ба шумор меравад, Замин кураи сокину собит ва дигар сайёрот шинохта шудааст. Сечаҳоруми сатҳи Заминро об фаро гирифта, маҷмӯи онро кураҳои ҳаво иҳота кардааст. Кураи ҳаворо кураи оташ фаро гирифта, фалаки Қамар кураи оташро дар миён дорад. Сипас Аторуд, фалаки Зӯҳра, фалаки Шамс, фалаки Миррих, фалаки Муштарӣ, фалаки Зуҳал ҳар кадом батартиб ба фалаки қаблӣ (монанди пӯстҳои пиёз) иҳота дорад. Ин фалакҳо шомили ситораҳо буда, ба воситаи онҳо шинохта мешаванд. Фалаки Зуҳалро фалаки нуҳум бо ситораҳои собита (фалаки бурҷҳо) дар иҳота дорад. Охирин фалак, ки бо номи «фалаку-л-афлок» машҳур буда, онро фалаки «Атлас» низ мегӯянд, дар батни худ тамоми фалакҳоро ҷой додааст. Ҳар сайёра масири махсус дошта, тобеи сайри фалаки худ мебошад ва бар хилофи сайри фалаки «Атлас» ҳаракат мекунад. Назарияи Батламиюс ҳудуди ду ҳазор сол (то садаи XVI) вогузшт, ҳукмронӣ карда, сипас мавқеи худро ба назарияи хуршедмарказӣ Уқули ашара (ақли даҳгона)-и Ибни Сино дар бахши ҳастишиносии ӯ ба ҳамин назарияи Батламиюс асос ёфтааст.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Философский энциклопедический словарь. М. , 1989;
- شهرستانی حبة الدین. اسلام و هیأت. تهران، ١٣٤٢ ه. ش
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Геосентризм / М. Ҳазратқулов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.