Назарияи позитивии ҳуқуқ
Назарияи позитивии ҳуқуқ - равияи васеъ паҳнгаштаи афкори ҳуқуқӣ аст, ки ҳуқуқро ҳамчуи маҳсули давлат, иовобаста аз таҳлилҳои арзишиву ахлоқӣ, бе назардошти воқеияти хуқуқӣ меомӯзад. Назарияи умумии ҳуқуқи позитивӣ (позитивияти ҳуқуқӣ) илми ҳуқуқшиносист, ки дар натиҷаи ҷамъбасту истифодаи васеи маълумотҳои ҳуқуқшиносии таҳлилӣ ташаккулу ривоҷ ёфтааст. Меъёри ҳуқуқӣ, муносибатҳои ҳуқуқ, сарчашмаҳои ҳуқуқ, ҳуқуқэҷодкунӣ, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, техникаи ҳуқуқӣ, амалисозӣ ва татбиқи ҳуқуқ, ҳолатҳои воқеии ҳуқуқӣ, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ аз ҷумлаи он масъалаҳоянд, ки мавзӯи омӯзиши назарияи позитивии ҳуқуқро ташкил медиҳанд. Ақидаҳои волоияти қонун, қонуният, алоқамандии ҳуқуқ ва давлат дар позитивияти ҳуқуқӣ пешбарӣ шуданд. Маҳз дар доираи позитивияти ҳуқуқӣ ақида ва назарияҳои давлати ҳуқуқбунёд асоснок гаштаанд (П. Лабанд, А. Эсмен, Г. Келзен ва диг.). Дар нимаи аввал ва миёнаи асри XX позитивият дар шакли назарияи меъёрии Г. Келзен инкишоф ёфтааст, ки новобастагии ҳуқуқи позитивиро аз сиёсат ва мафкура ҳимоя менамуд. Дар айни замон назарияи меъёрии шӯравӣ (нимаи дуюми с. 30 - ибтидои с. 90 асри XX) инкишоф меёбад, ки мазмуни сиёсӣ (синфӣ) ва мафкуравӣ дошт.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 319