Назира Ғаффорӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Назира Ғаффорова)
Назира Ғаффорӣ
Назира Ғаффорова
Таърихи таваллуд 24 март 1961(1961-03-24) (63 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ғафуров, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ ҳуқуқшиносӣ
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, маслиҳатхонаи ҳуқуқии шаҳри Чкалов,Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон
Ҷоизаҳо

Аълочии маорифи Тоҷикистон, Аълочии тандурустии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, медали ҷашнии "20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (с. 2011), медали тилоии «20-солагии Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» (с.2012), медали ҷашнии «90-солагии адлияи Тоҷикистон» (с.2014), медали ҷашнии «10-солагии Гурӯҳи АврОсиё оид ба мубориза бо софкории даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм (ЕАГ)» (с.2014),

Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (с. 2015), медали "Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.25 сол" (с.2017)

Назира Ғаффорӣ (Назира Ғаффорова) — ҳуқуқшиноси тоҷик, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ходими давлатӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати IV (2010-2015), вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати V(2015-2020), муовини Раиси вилояти Суғд (2015-2019)

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Назира Ғаффорӣ 24 марти соли 1961 дар деҳаи Қистакӯз (ҳозира Хистеварз) - и ноҳияи Ғафуров дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Соли 1977 мактаби миёнаи №53 шаҳри Душанбе ва соли 1982 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намудааст. Солҳои 1982-1992 ба ҳайси ассистент ва аспиранти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистикаи ҳамин донишгоҳ кор ва таҳсил намудааст. Соли 1994 соҳиби унвони номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ гардид. Солҳои 1992-1997 дар маслиҳатхонаи ҳуқуқии шаҳри Чкалов ба ҳайси адвокат адои вазифа намуд.

Солҳои 1997-2001 дар вазифаи мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва граждании факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва солҳои 2001-2007 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ҳайси дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ, мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистика, декани факултаи ҳуқуқшиносӣ фаъолият дошт.

Аз моҳи феврали соли 2007 то январи соли 2008 вазифаи раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро бар уҳда дошт. 26 январи соли 2008 ба вазифаи ректори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида, то 10 марти соли 2010 дар ин вазифа фаъолият намуд.

Солҳои 2010-2015 аз ҳавзаи интихоботии Бобоҷон Ғафуров №14 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҷаласаи нахустини иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Аз моҳи феврали соли 2015 то моҳи июли соли 2019 ба ҳайси муовини Раиси вилояти Суғд фаъолият дошт.

Аз ҳавзаи интихоботии Домулло Азизов, № 64 вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати V(2015-2020) интихоб гардидааст.

Аз моҳи сентябри соли 2019 ба ҳайси дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон фаъолият дорад.

Муаллифи 23 қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин беш аз 60 дастурҳои таълимию методӣ ва мақолаҳои илмӣ мебошад.

Савияи дониши худро дар Академияи хидмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон баланд кардааст.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Аълочии маорифи Тоҷикистон (с.2001),
  • Аълочии тандурустии Тоҷикистон (с.2017),
  • Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (с.2019),
  • Ифтихорномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2010),
  • Ифтихорнома ва сипосномаи Раёсати хидмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2009,2010), медали ҷашнии «20 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2011),
  • медали тилоии «20-солагии Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» (с.2012),
  • медали ҷашнии «90-солагии адлияи Тоҷикистон» (с.2014),
  • медали ҷашнии «10-солагии Гурӯҳи АврОсиё оид ба мубориза бо софкории даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм (ЕАГ)» (с.2014),
  • Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2015),
  • медали "Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.25 сол" (с. 2017),
  • Ифтихорномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2018) сарфароз гардидааст.[1]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

МАЪЛУМОТНОМА ДАР БОРАИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]