Назирхон Икромов
Зоҳир
Назирхон Ашӯрбоевич Икромов | |
Таърихи таваллуд | 22 феврал 1975 (49 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Ғафуров, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | таърих |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои таърих |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров |
Назирхон Ашӯрбоевич Икромов (тав. 22.02.1975, ноҳияи Ғафуров), омӯзгор - номзади илмҳои таърих, дотсент
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1998 ДДХ ба номи академик Б.Ғафуровро хатм кардааст. Ихтисос, муаррих, муаллими таърих ва ҷамъиятшиносӣ.
- Солҳои 1998-2001 — аспиранти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.
- Солҳои 2000-2004 — муаллими кафедраи таърих ва афкори сиёсии халқи тоҷик.
- Солҳои 2005-2015 — сармуаллими кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.
- Солҳои 2015-2017 — дотсенти кафедраи таърихи Ватани Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.
- Аз 08.2018 то ҳол — дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.[1]