Назорати молиявӣ
Назорати молиявӣ - низоми ташкиливу ҳуқуқӣ буда, аз унсурҳои зерин иборат мебошад, субъекти назорат, объект, мавзӯъ, мақсадҳои назорат, намудҳои назорати молиявӣ ва усулҳои татбиқи он. Субъектҳои назорати молиявӣ ё бевосита мақомоти давлатӣ, ки ба сабаби мақоми ҳуқуқиашон ба онҳо ваколатҳои омиронаи дахлдор дода шудаанд, ё (дар баъзе мавридҳо) субъектҳои ғайридавлатие мебошанд, ки аз номи давлат ва бо супориши вай амал мекунанд ва ваколатҳои омиронаи онҳо дар асоси ин супориш ба вуҷуд меоянд. Объектҳои назорати молиявӣ ашхосе мебошанд, ки дар доираи фаъолияти молиявии давлат афтодаанд, яъне мақомоти давлатӣ; шахсони юридикии давлатӣ; шахсони юридикии хусусӣ ва шахсони воқеӣ. Мавзӯи назорати молиявӣ рафтори объектҳои ин назорат аз нуқтаи назари аз тарафи онҳо иҷро карда шудани ӯҳдадориҳояшон чун иштирокчиёни фаъолияти молиявӣ мебошад. Мақсади назорати молиявӣ чунин аст: - ошкор кардани ҳодисаҳои вайрон карда шудани қонунгузории молиявӣ; - маълум намудани гунаҳкорон ва ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо; бартараф кардани вайронкуниҳои интизомии молиявӣ. Назорати молиявӣ аз рӯи заминаҳои гуногун ба якчанд намуд тақсим мешавад. Вобаста ба вақти гузаронидан назорати молиявии пешакӣ, ҷорӣ ва минбаъда шуда метавонад. Назорати молиявии ҳатмӣ дар чунин мавридҳо гузаронида мешавад: а) мувофиқи талаби қонунгузор. Масалан, назорат аз тарафи мақомоти намояндагии ҳокимият аз болои иҷрои буҷет аз рӯи натиҷаҳои як сол; б) бо қарори мақомоти давлатии салоҳиятнок (масалан, тафтишу санҷиши андозсупорандагон дар масъалаи андозбандӣ аз тарафи бозрасии андоз дар асоси қарорҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузаронида мешавад). Назорати молиявии ташаббускорона бо қарори мустақилонаи субъектҳои фаъолияткунанда анҷом дода мешавад. Дигар асосҳои таснифи назорати молиявӣ низ, аз ҷумла, вобаста ба мақомоте, ки онро ба амал мебарорад, имконпазиранд. Дар ин маврид назорати молиявӣ ба чунин намудҳо тақсим мегардад: а) назорати президентӣ; б) назорати мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ; в) назорати мақомоти иҷроияи ҳокимият, ки салоҳияти умумӣ доранд; г) назорати мақомоти молиявӣ-кредитӣ; д) назорати идоравӣ ва дохилихоҷагӣ; е) назора- ти аудиторӣ; ё) назорати ҷамъиятӣ.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 324-325