Назорати ғоявии конститутсионӣ
Зоҳир
Назорати ғоявии конститутсионӣ - тафтиши мувофиқати меъёрҳои конститутсионӣ ба Конститутсия аз рӯйи мулоҳизаи ғоявӣ. Чунин назорат дар Испанияи франкоӣ аз тарафи палатаи махсуси ғоявии Шӯрои миллӣ амалӣ гардонида мешуд. Шӯро вазифадор буд, ки тозагии ҳаракати франкоӣ, ҳимояи бутунии усулҳои ҳаракати миллӣ, назорат аз болои инкишофи муносибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ барои таъмини адолати иҷтимоиро таъмин намояд. Чунин назорати ғоявии конститутсионӣ то замони аз сари ҳокимият рафтани Ф.Франко (соли 1975) ва қабули Конститутсияи Испания соли 1978 амал мекард.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 320