Jump to content

Назрии Бадахшӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Назрии Бадахшӣ

Назрии Бадахшӣ (нимаи дуюуми қарни XVI) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз зодгоҳаш барои таҳсил ба Мовароуннаҳр омад ва илмҳои замонро омӯхта, шахси фозилу донишманде гардид. Мутрибӣ дар тазкирааш аз илму дониши Назрии Бадахшӣ сухан ронда, чанде дар назди ӯ шогирд буданашро зикр мекунад. Назрии Бадахшӣ дар ҳунари хаттотӣ (хати настаълиқро хуб менавишт), зарнишон кардани тиркаш, мӯҳр кандан моҳир будааст. Мероси адабии Назрии Бадахшӣ тавассути тазкираву баёзҳо то замони мо расидааст. Мут­рибӣ аз ӯ ду ғазал, як қитъа ва се ҳикояти латиф меорад. Матлаъ ва мақтаи як ғазали Назрии Бадахшӣ ин аст:

Кай бувад ҷоно, бар хоки дарат маъво кунем,
Ҳамчу хуршед аз сарафрозӣ ба Кайвон ҷо кунем…
Шоми ҳиҷрон ҳамчу Назрӣ вораҳам аз банди ғам,
Чун хаёл он халқаи гесӯи мушкосо кунем.