Jump to content

Най (сози мусиқӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Най)
Намудҳои най дар осорхонаҳои миллии Миср ва Осака, Ҷопон

Най (форсӣ: نی/نای‎;ар. نا‎; тур. ney; инчунин nai, nye, nay, gagri tuiduk , ё карғи туидук ) як найи интиҳоист, ки дар мусиқии Ховари Миёна ҷойгоҳи намоён дорад. Дар баъзе аз ин анъанаҳои мусиқӣ, он ягона асбоби нафасӣ истифода мешавад.

Аз қадим байни мардуми эронинажод машҳур аст. Дар кишварҳои Араб мизмар меноманд. Найро аз чӯб, филиз месозанд. Кутраш 3-4см, дарозиаш 40-60. Дарозии сурох дорад, ки барои дамидани бод истифода мешавад. Бар танаи най шашто сурох мешавад, ки онҳо барои тағир додани овоз ё лаҳн ба кор мераванд. Тавасути фишори сахту сусти дамидани бод ва маҳкам намудани сурохҳо ба ангуштон аз он ба миқдори 3 октава садои оҳанге ҳосил мегардад. Сурохе дар тарафи муқобил дорад,ки онро бо ангуштони дасти чап мепушанд.