Jump to content

Намаксанг

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Намаксанг
Кристалл галита из Велички
Формула хлорид натрия NaCl
Физические свойства
Цвет бесцветный или белый; примеси придают голубой, фиолетовый, розовый, жёлтый и серый оттенок
Цвет черты Белый
Блеск Стеклянный
Прозрачность Прозрачный, полупрозрачный
Твёрдость 2
Спайность Совершенная по кубу
Излом Раковистый
Плотность 2,1 -2,2 г/см³
Сингония Кубическая
Показатель преломления 1,544

Намаксанг, ҳоли́т, галит (юн. ἅλς — намак) — санги намакӣ, минерали зерсинфи хлоридҳо, шакли кристаллиии хлорида натрий (NaCl).

Системаи кристаллбандиаш кубӣ. Дар табиат ба шакли агрегатҳои кристаллии донадор вомехӯрад. Галити холис берангу шаффоф аст, аммо аз сабаби бо гил, моддаҳои органики, оксидҳои оҳан ва ғайра омехта буданаш аксар бур, сурх ва гулобиранг мешавад. Сахтиаш 2; зичиаш 2173 кг/м3. Дар об нағз ҳал мегардад. Намаксанги дар ҳаpopати 772°С гудохташуда қобилияти баланди электргузаронӣ дорад. Намаксанг бофтаҳои органикиро аз пӯсидашавӣ нигоҳ медорад.

Намаксанг ҷинси кӯҳҳи тахшиниест, ки қисми таркиби он ё тамоми онро га­лит ташкил медиҳад. Намаксанги тоза то 90% ва зиёдтар галит дорад. Омехтаҳояш асосан аз гил ва баъзан аз реги маҳиндона иборатанд. Қисми зиёди хлориди натрии табиат дар таркиби оби баҳру уқёнусҳо дар ҳолати маҳлул мебошад. Захираҳои калони намакганг асосан дар натиҷам просессҳои экзогенӣ дар ҳавзаҳои оби иқлими аридӣ ҳангоми босуръат бухоршавии оби онҳо пайдо мешаванд. Намаксанг дар байни ҷинсҳои таҳшинӣ дар шакли қабатҳои ғафс ба даҳҳо км2 паҳн ме­шавад, дар ҷои дигар мағзи структу­раҳои гунбазшакли ҷинсҳои таҳшиниро пур мекунад. Инчунин дар шакли линза ва қабатҳои тунук вомехӯрад. Намаксакро дар хоҷагии халқ ва­сеъ истифода мебаранд.Таҳнишастҳои қариб ҳамаи давраҳои геологӣ намаксанг доранд. Конҳои калонтарини он дар Белорус, Ук­раина, Урал, назди Каспий, Осиёи Миёна ва дигар ҷойҳо мавҷуданд. Тоҷикистон дорои захираи ниҳоят ка­лони намаксанг аст.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]