Jump to content

Намояндагии халқ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Намояндагии халқ - низоми мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ, ки аз мақомоти интихобии намояндагӣ иборат аст. Бо мафҳуми «намояндагии халқ» низоми намояндагии халқ алоқаманд аст, яъне муносибатҳо оид ба ташкили мақомоти намояндагӣ, вазъи вакилон, муносибати онҳо бо интихобкунандагон, аҳолӣ, ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, ташкили кори мақомоти намояндагӣ, тайёр ва қабул кардани санадҳо, мурофиаи қонунгузорӣ, таъсири аҳолӣ ба фаъолияти мақомоти намояндагӣ бо дигар мақомот ва ғайра (ниг. ба Ҳокимияти намояндагӣ).[1]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - C. 326-327