Наримон Акрамов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Наримон Акрамов
Наримон Акрамов
Санаи таваллуд:

1 июни 1932

Зодгоҳ:

ш. Хуҷанд

Санаи марг:

13 июн, 1996

Маҳалли марг:

ш. Хуҷанд

Мамлакат:

Тоҷикистон

Ҷойҳои кор:

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои таърих

Унвонҳои илмӣ:

профессор

Алма-матер:

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Маъруф ба:
    • Наримон Акрамов
Ҷоизаҳо:

Нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон», медали «Барои меҳнати шоён»

Наримон Акрамов — олим, муаррихи варзида, нахустин историографи тоҷики карни ХХ[1], доктори илмҳои таърих (1975), профессор (1977).[2]

Ҳолнома[вироиш]

Наримон Акрамов [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон | ДДТ ба номи В.И.Ленинро]] хатм кардааст (1956). Муаллими кафедраи таърихи ИҶШС-и ДДОЛ ба номи С.М.Киров (1956-1959), аспиранти Пажуҳишгоҳи археология ва этнографияи ба номи Ахмади Дониши АУ ҶШС Тоҷикистон (1959-1962), корманди илмӣи хамин пажуҳишгоҳ (1962-1963), и.в.дотсенти кафедраи таърихи ИҶШС-и ДДОД ба номи Т.Г.Шевченко (1963-1970), дотсент (1971-77), мудири кафедраи таърихи ИҶШС-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (1977-1994), профессори кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (1995-1996). Муаллифи зиёда аз 100 асару мақолаи илмӣ ва илмӣи оммави. Оид ба фаъолияти шаркшиносони рус (В.В.Бартолд, М.С.Андреев, А.А.Семенов) ва сахми онхо дар омузиши таъриху фарханги халқхои Помир ва Наздипомир тадқиқот гузаронидааст. Таҳти рохбарии А. як зумра муҳаққиқони чавон рисолахои номзади ҳимоя кардаанд. Иштироккунандаи якчанд конфронсхои илмӣи байналхалқи ва минтакави (Варшава,1978; Алмаато,1981; Пенза,1989).

Осори илмӣ[вироиш]

  • Русские исследователи и их вклад в изучение истории археологии и этнографии народов Памира и Припамирья. — М.,1975;
  • Вопросы истории археологии и этнографии народов Памира и Припамирья в трудах Б.Л.Громбчевского. — Душанбе, 1974;
  • Выдающийся русский востоковед В.В.Бартольд. — Душанбе,1963.
  • Востоковед Михаил Степанович Андреев. — Душанбе, 1973;
  • Вопросы археологии Памира и Припамиря в трудах русских востоковедов.— Душанбе, 1974;
  • Академик А.А. Семенов. — Душанбе, 1974;
  • В.И. Ленин и интеллигенция.— Душанбе, 1980;
  • Ходженд в эпоху Самадинов. — Душанбе, 1983.

Мукофот[вироиш]

Бо медали «Барои меҳнати шоён», нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон қадр карда шудааст.

Сарчашма[вироиш]

  1. Сад кашфиёти сад сол http://ozodagon.tj/8058-sad-kashfieti-sad-sol.html (Озодагон) расидагӣ 1 июни 2014
  2. http://elbibhgu.narod.ru/TavcifnomaiOmuzgoron/TavsifnomaiOmuzgoron.html

Пайвандҳои беруна[вироиш]

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ