Jump to content

Наслкушӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Наслкушӣ (форсӣ: نسل‌کشی‎), геносид (аз юн. γένος — таваллуд, қабила ва лот. caedo — мекушам) — ҳаргуна иқдом ва мубодарат ба нобудӣ ва ҳазфи физикии бахш ё куллияти гурӯҳе нижодӣ, қавмӣ, миллӣ, мазҳабӣ ва ё идюлужикӣ аст.

Таърихи истилоҳ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Истилоҳи наслкуширо бори нахуст соли 1944 ҳуқуқшиноси яҳудитабори лаҳистонӣ Рафаэл Лемкин (1900–59) барои ифодаи сиёсати нобудсозии яҳудиёни аврупоӣ пешниҳод намуд. Соли 1945 Трибунали ҳарбии байналмилалӣ дар ш. Нюрнберг (Олмон) сарварони олмони натсистиро дар «ҷиноятҳо алайҳи инсоният» айбдор намуд. Бо ибтикор ва кӯшишҳои пайвастаи Р. Лемкин 9 декабри 1948 СММ «Муоҳида доир ба пешгирии ҷинояти наслкушӣва ҷазо барои он»-ро ба тасвиб расонд, ки дар он наслкушӣ ҷинояти вазнин ва халалдоркунандаи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ арзёбӣ гардид. Давлатҳои муоҳидаи мазкурро баимзорасонида уҳдадор шуданд, ки ҷиҳати пешгирии наслкушӣ ва ҷазодиҳӣ барои содир кардани он тадбирҳо андешанд.

Бар хилофи ҷанг, ки дар он сарбозони мусаллаҳи муташаккил бо ҳамдигар меҷанганд, маҳви нажод куштори якҷонибае мебошад, ки дар он давлат ё неруҳои дигар ба мақсади муайян қисми зиёди ҷамъият ё гурӯҳҳои миллӣ, халқият ё мазҳаберо нобуд месозад. Мафҳуми наслкушӣ қатли омми одамонро бар асари бомбаборонкунии аҳолии мулкӣ аз тарафи душман фаро намегирад. Наслкушӣ ҳамчунин баъзан дар мавридҳое истифода мешавад, ки шомили унсурҳои қатли ом ё қавмкушӣ (этносит) мебошанд, яъне, ҳарчанд мақсад нобудсозии як гурӯҳ нест, вале аз байн рафтани ин гурӯҳ ҳамчун умумияти дорои вижагиҳои фарҳангӣ барои истилогар матлуб аст. Дар ин мавридҳо як қисми гурӯҳ маҳв карда мешавад, то қисми боқимонда мансубияти худро ба он фаромӯш кунад ё ба муқовимат хотима диҳад ва ё ба ҳар ду амал водошта мешавад. Агар мақсад берун рондани аҳолӣ аз сарзамини он бошад, истилоҳи «поксозии нажодӣ» истифода мешавад, вале агар таъқиби аҳолӣ ангезаи сиёсӣ дошта бошад, мафҳуми «куштори сиёсӣ» (политисид) ба кор бурда мешавад. Куштори 10 ҳазор нафар ё 10 дарсади аҳолӣ (ҳадди камтарин) меъёри ҷудосозии мафҳумҳои наслкушӣ аз «политисид» шинохта шудааст. Намунаи равшани наслкушӣ дар Руанда соли 1994 анҷом дода шуд: намояндагони қабилаи хуту 800 ҳазор намояндаи қабилаи тутсиро дар ҷанги дохилӣ ба қатл расониданд.

Дар дафтари Муншии умумии СММ Мушовири вижа барои пешгирии наслкушӣ фаъолият менамояд, ки вазифаҳои зеринро ба уҳда дорад: ҷамъоварии иттилоот дар бораи ба таври оммавӣ ва ҷиддӣ риоя нагардидани ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалии дорои моҳияти қавмӣ ва нажодӣ, ки пешгирӣ нашудани он боиси ба вуқӯъ пайвастани наслкушӣ гашта метавонад; саривақт огоҳ сохтани Муншии умумӣ ва ба воситаи ӯ Шӯрои Амнияти СММ аз вазъиятҳое, ки боиси сар задани наслкушӣ мегарданд; пешниҳоди тавсияҳо аз тариқи Муншии умумӣ ба Шӯрои Амният доир ба андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати пешгирӣ ва ё қатъ намудани наслкушӣ; иртибот бо сохторҳои СММ дар мавриди тадбирҳои пешгирии наслкушӣ ва мусоидат ба таҳкими фаъолияти СММ дар самти таҳлилу идораи иттилооти марбут ба наслкушӣ ва ҷиноятҳои вобаста ба он.

Дар Саммити ҷаҳонии соли 2005 давлату ҳукуматҳо вазифадор карда шуданд, ки аҳолии худро аз наслкушӣ, ҷиноятҳои низомӣ, поксозии нажодӣ ва ҷиноятҳои зидди инсоният ҳифз намоянд. Таъкид гардид, ки агар ин ва ё он давлат воқеан имкони ҳифзи аҳолии худро аз ҷиноятҳои номбурда надошта бошад, ҷомеаи байналмилалӣ ба воситаи Шӯрои Амният ва мутобиқи Ойинномаи СММ тадбирҳои дастаҷамъӣ андешида метавонад.

Дар қонунгузории Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мувофиқи моддаи 398 КҶ кирдорҳое наслкушӣ эътироф мешаванд, ки ба пурра ё қисман маҳв сохтани гурӯҳи миллӣ, этникӣ, нажодӣ ё динӣ бо роҳи пурра ё қисман нобуд кардани онҳо, зӯроварона монеъ шудан ба таваллуди кӯдак равона гардидаанд, ё аз гурӯҳ аз ҷумлаи ин гурӯҳҳо ба гурӯҳи дигаре доданн кӯдакон, расониданн зарари вазнин ба саломатии онҳо ё фароҳам овардани чунин шароити зиндагие, ки ба талафи ҷисмонни аъзои ин гурӯҳ нигаронида шудаанд.

Наслкушӣ дар содир намудани ҳаракатҳои зерин ифода ёфта метавонад:

  • пурра ё қисман маҳв сохтани гурӯҳи миллӣ, этникӣ, нажодӣ ё динӣ бо роҳи пурра ё қисман қир кардани онҳо;
  • зӯроварона монеъ шудан ба таваллуди кӯдак нисбати гурӯҳҳои дар боло номбаршуда;
  • аз ин гурӯҳи одамон ба гурӯҳҳои дигар додани кӯдакон, расонидани зарари вазнин ба саломатии онҳо;
  • фароҳам овардани чунин шароити зиндагие, ки ба нобудкунии ҷисмонии аъзои ин гурӯҳ нигароннда шудааст.

Оқибатҳои ҳаракатҳои ҷинояткоронае, ки наслкуширо ташкил медиҳанд, аз куштани аъзои гурӯҳи номбурда, расонидани зарари вазнин ба саломатии онҳо, маҳрум намудани волидон аз имконияти тарбияи кӯдакон, фароҳам овардани шароити зиндагие, ки ба нобудкунии ҷнсмонии аъзои ин гурӯҳ нигаронида шудааст, иборат мебошад[1].

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М. А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 124—125
  • Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 1998;
  • Фарҳанги тоҷикӣ-русии тафсирии истилоҳоти ҳуқуқи башар. Д., 2004;
  • Раҷабов С. А. Фарҳанги ҳуқуқи байналмилалӣ. Д., 2012;
  • Blealske А. Robert L. The International Law Dictionary. L., 1987.