Насриддин Шаропов
Таърихи таваллуд | 5 май 1928 |
---|---|
Зодгоҳ | шаҳри Самарқанд |
Таърихи даргузашт | 14 ноябр 1998 (70 сол) |
Фазои илмӣ | омӯзгор,олими забоншинос |
Насриддин Шаропов (5 майи соли 1928, гуз. Қӯшҳавзи шаҳри Самарқанд — 14 ноябри соли 1998, шаҳри Самарқанд) — забоншинос, омӯзгор, доктори илми филология (1975), профессор (1977), «Аълочии маорифи халқи Ӯзбекистон» (1982), Муаллими хизматнишондодаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон (1995), профессори фахрии Донишгоҳи давлатии Самарқанд.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Омӯзишгохи муаллимтайёркунии Самарқанд (1944), факултети филологияи тоҷику ӯзбеки УДС (ҳоло — ДДС) ба номи А. Навоиро хатм кардааст (1949). Ходими илмии Институти навташкили тадқ. илмии мактаби Душанбе (1949—1950), омӯзгори УДТ ба номи В. И. Ленин (ДМТ), муаллими забон ва адабиёти ӯзбекии мактаби шабонаи коргарҷавонони № 3 шаҳри Душанбе (1950—1953), омӯзгори Донишкадаи педагогии Самарқанд (1953—1957), ходими адабии маҷаллаи «Мактаби советӣ» (1957—1958), котиби масъули маҷаллаи «Мактабҳои ибтидоӣ» (1958—1959), ходими хурди илмии ИЗА ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон (1959—1965). Соли 1985 ба зодгоҳаш шаҳри Самарқанд кӯчидааст. Профессори кафедраи забон ва адабиёти тоҷикии Донишгоҳи давлатии Самарқанд (1986—1998).
Осори илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1964 дар мавзӯи «Вожаҳои русию байналмилалӣ дар забони тоҷикӣ» рисолаи номзади дифоъ намудааст. С. 1975 дар мавзӯи «Роҳҳои инкишофи таркиби луғавии забони адабии ҳозираи тоҷик» рисолаи док. ҳимоя кардааст. Муаллифи бештар аз 300 асару мақолаи илмӣ ва тақриз доир ба забоншиноси ва методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик. Қариб 100 мақолаи илмӣ, маърӯзаю гузориш ва тақризҳояш дар Ӯзбекистон ба забони ӯзбеки гардонда шудаанд. Муаллифи рисолаҳои илмии
- «Инкишофи лексикаи забони ҳозираи тоҷик» (1972),
- «Забони русӣ- забони байналмилалӣ» (1980),
- «Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти бинокорӣ» (бо ҳамқаламии А. К. Комилов, Т. К. Ҷӯраев, 1982), «Луғати мухтасари русӣ-тоҷикӣ барои тайёрии ибтидоии ҳарбӣ» (бо ҳамқаламии И. Александров, Е. Шепетева, 1983).
Дар 50 конференсияву симпозиуми байналхалқӣ маърӯзаҳои илмӣ кардааст.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе, 2013, с.157