Насрулло Тӯйчизода
Насрулло Тӯйчизода | |
|---|---|
| Насрулло Тӯйчизода | |
| Таърихи таваллуд | 17 феврал 1988 (38 сол) |
| Зодгоҳ | ноҳияи Ашт, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС |
| Кишвар |
|
| Фазои илмӣ | Фалсафа, Туризм ва меҳмондорӣ |
| Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
| Дараҷаи илмӣ: |
Магистри ихтисоси туризм ва меҳмондорӣ |
| Алма-матер | |
| Ҷоизаҳо | Аълочии матбуоти Тоҷикистон ва Аълочии фарҳанги Тоҷикистон |

Насрулло Тӯйчизода (зод. 17 феврал 1988, ноҳияи Ашт, вилояти Суғд) — омӯзгори фалсафа, олим. Аълочии матбуоти Тоҷикистон ва Аълочии фарҳанги Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Насрулло Тӯйчизода хатмкардаи факултаи фарҳангшиносии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (2010) ва дорои дараҷаи илмии магистрӣ дар бахши Сиёсати Ҳамкории байналмилалӣ Донишгоҳи Осиё ва Уқёнуси Ороми Ритсумейкан бо ихтисоси туризм ва меҳмондорӣ (2024) Ҷопон мебошад[1]. Соли 2019 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Телевидение как вид экранной культуры и его роль в трансформирующемся обществе(на примере таджикского телевидения)» таҳти роҳбарии д.и.ф. Саъдулло Раҳмов, ҳимоя намуд. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буда, фаъолияти журналистии худро дар нашрияҳои “Лочин», “Чархи гардун» ва маҷаллаи илмӣ-оммавии “Илм ва ҳаёт» идома додааст.
Соли 2011 пас аз ғолибият дар барномаи табодули фарҳангии “Open 725 World» ба Иёлати Калифорнияи ИМА сафар намуда, таҷрибаомӯзӣ намудааст. Инчунин, иштирокчии “Мактаби файласуфони ҷавон»-и Академияи улуми Русия дар шаҳри Москва мебошад. Мақолаҳои илмияш дар маҷаллаҳои илмии Тоҷикистон, Озарбойҷон, Русия ва Казоқистон нашр шудааст. Ба нишонҳои соҳавии Аълочии матбуоти Тоҷикистон ва Аълочии фарҳанги Тоҷикистон мушарраф шудааст. Аз соли 2019 ба ҳайси муаллими калон дар кафедраи фалсафаи фарҳанги Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор мекунад.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Муаллифи маҷмӯаи ашъори бачагона «Таронаи чашмасор» Хуҷанд, 2000; «Қиссаи оҳуча». Хуҷанд, 2002 ва маҷмӯаи мақолаҳои солҳои мухталиф дар нашриёти даврӣ ба табъ расида бо номи «Дунёи соҳибдилон». Душанбе,2020 мебошад.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Сарчашмаи маълумот: Насрулло Тӯйчизода
- Зодагони 17 феврал
- Зодагони соли 1988
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Ашт
- Номзадҳои улуми фалсафа
- Олимон аз рӯи алифбо
- Шаблони «Пайвандҳои беруна» холӣ
- Олимони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Фалсафашиносони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ