Нахӯдхӯрак
Нахӯдхӯрак | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||
ХАТО: Параметрҳои parent ва rangро бояд пур кунед.
|
||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||
|
Гамбусаки нахӯд (лот. Bruchus pisorum), нахӯдхӯрак — ҳашараи зараррасон аз оилаи донхӯракҳо.
Тавсифоти умумӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дарозиаш 6 мм, танаш байзашакл, рангаш сиёҳи ҷилодор. Болаш рахҳои каҷи сафедча, синааш доғи сафеди секунҷа, зери шикамаш нақши салибмонанд дорад. Бехи мӯйлабҳо, банди аввали пойҳои пеш, панҷа ва буғуми пойҳои миёнааш зарди сурхтоб аст. Тухмаш зарди каҳраборанг, дар рӯйи дон хуб менамояд. Дарозии кирминааш 5-6 мм; рангаш зардтоб. Нахӯдхӯрак дар Тоҷикистон бисёр аст. Фақат ба нахӯд осеб мерасонад.
Тарзи зиндагӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Соле як бор афзоиш карда, ҳангоми гулшукуфти нахӯд гарду гулбарги онро мехӯрад. Нахӯдхӯрак ба ғилофаки хоми нахӯд то 35 тухм мемонад. Давраи тухмгузорӣ, одатан, то 15 рӯз давом мекунад. Умуман, ғамбусакҳои модина дар тӯли ҳаёташон 170—200 тухм мегузоранд. Кирминаҳои нахӯдхӯрак пӯсти ғилофакро сӯрох карда, мағзи донро мехӯранд. Дар даруни дон чанд кирмина ҷой мегирад, вале фақат яктои онҳо инкишоф меёбад. Рушди баъдии кирминаҳо дар дохили дони нахӯд мегузарад (тақр. 35-40 рӯз). Миёнаҳои август зоча ба ғамбусак табдил ёфта, зимистонро андаруни дон мегузаронад. Нахӯди зарардида барои истеъмол ва кишт кор намеояд.
Тадбирҳои мубориза
[вироиш | вироиши манбаъ]- кишти зуди тухмии солим; дар давраи гулшукуфт камаш ду бор (баъди ҳар 8-10 рӯз) пошидани доруҳои заҳрнок — инсектитсидҳо (метафос, хлорофос ва ғайра);
- бетаъхир ғундоштани ҳосил;
- шудгори амиқи замин;
- тоза ва безарар кардани хирманҷойҳо;
- қаблан бо газ ва аэрозол дезинфексия кардани анбор;
- бо хлорпикрин, дихлорэтан, бромиди метил, металлилхлорид дуд додани нахӯд;
- як моҳ пеш аз кишт ба нахӯди тухмӣ пошидани дусти 12-фоизаи гексахлоран (2-3 кг/т) ё нафталин (1-2 кг/т);
- дар мошинҳои махсус аз маҳлули намак (тақр. 3 кг намаки ош ё 8 кг селитраи аммиак ба 10 л об) гузаронда тоза кардани нахӯди сироятёфта.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Integrated Taxonomic Information System (ингл.) — 1996.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Муҳиддинов С. М. Энтомологияи умумӣ. Д., 1999;
- Муминов Н. Н., Баева В. Г., Назиров В. О насекомых Таджикистана. Д., 2000;
- Муҳитдинов С. М. Курси мухтасари энтомологияи кишоварзӣ. Д., 2009.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гамбусаки нахӯд / С. Муҳиддинов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.