Наъимҷон Ғиёсов
Наъимҷон Ғиёсов | |
Таърихи таваллуд | 5 октябр 1911 |
Зодгоҳ | Самарқанд, ҶШС Ӯзбекистон |
Таърихи даргузашт | 22 сентябр 1968 |
Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ | Тоҷикистон |
Пеша | ҳунарпеша |
Наъимҷон Ғиёсов (Тав. 5.10.1911, гуз. Гӯри Мири шаҳри Самарқанд – ваф. 22.09.1968, шаҳри Душанбе) — ҳунарпешаи театр ва синамо. Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1947).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Наъимҷон Ғиёсов баъди хатми мактаби миёнаи ш. Самарқанд (1930) муаллими мактаби миёнаи №16 ш. Самарқанд (1930- 1931), инструктори шуъбаи маорифи н. Марҳамати вилояти Андиҷон (1931- 1932). С. 1932 инструктори калони шуъбаи маорифи н. Ҳисори Тоҷикистон ва баъд мудири шуъбаи маорифи н. Шаҳритус таъйин шудааст (1933-1934). Аз соли 1934 то охири умр – ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ буд.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар давоми 34 соли фаъолияти эҷодиаш дар саҳнаи театри номбурда бештар аз 100 симои ҷолиб офаридааст. Нақшҳои Соҳибдодхоҳ («Калтакдорони сурх»-и С. Улуғзода, 1941), раис Наъимов («Саодат»-и С. Саидмуродов ва М. Рабиев, 1948), Дож («Отелло»-и У. Шекспир, 1939, 1948, 1963), Ҷалолуддин («А. Навоӣ»-и А. Ӯйғун ва И. Султонов, 1949), Савин («Шаҳри ман»-и М. Миршакар, 1952), Эскалшоҳ («Ромео ва Ҷулйетта»-и У. Шекспир, 1953), Сергей («Номус»-и А. Шервонзода, 1953), граф Албофорита («Соҳиби меҳмонҳона»-и К. Голдони, 1954), вазир («Афсонаи ишқ»-и Н. Ҳикмат, 1954), полковник Кутов («Любов Яровая»-и К. Тренёв, 1955), оқсаққол («Дохунда»-и Ҷ. Икромӣ, 1957), Наср («Рӯдакӣ»-и С. Улуғзода, 1958), Холбӯтаев («Тӯй»-и С. Ғанӣ, 1960), Еримеев («Табаддуллот»-и Б. Лавренёв, 1961), Набӣ Полвон («Тарма»-и К. Носиров, 1961), Муров («Гунаҳкорони бегуноҳ»-и А. Островский, 1962), док. Силвио («Хизматгори ду хоҷа»-и К. Голдони, 1964) ва ғ. Дар кинои тоҷик, киностудияи “Тоҷикфилм” низ як қатор нақшҳои ҷолиб офаридааст: полковник («Дохунда», 1955), раиси колхоз («Дӯсти ман Нарӯзов», 1957), падари Лайлӣ («Лайлӣ ва Маҷнун», 1961) ва диг. Иштирокдори Даҳаҳои адабиёт ва санъати тоҷик дар Москва (1941, 1957). Бо чандин Грам. Фахрии През. Сов. Олии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Аслҳо ва наслҳо. - Душанбе,2013.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 5 октябр
- Зодагони соли 1911
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Самарқанд
- Даргузаштагони 22 сентябр
- Даргузаштагони соли 1968
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Ҳунарпешаи театр
- Ҳунарпешаи театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ
- Ҳунарпешаҳои Тоҷикистон