Нақби автомобилгарди «Озодӣ»

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Нақби «Озодӣ» (Нақби «Шаршар») - яке аз нақбҳои автомобилгарди Тоҷикистон мебошад.

Нақби «Озодӣ» (Нақби «Шаршар») дар масофаи 47 км дуртар аз пойтахт роҳи ДушанбеКулоб ағбаи Шаршар ҷойгир аст. Мушкилии фасли зимистон намегузошт,ки мусофирон ба воситаи ин роҳ рафту омад намоянд. Ифтитоҳи сохтмони нақби автомобилгарди «Озодӣ» (Шаршар) расман 20 октябри соли 2006 сар шудааст. Сохтмони нақб бо кўмаки молиявии Чин сар шуд.

Сохтмон аз ду самт огоз шуда дар давраи 34 моҳ сохта шуд. Дарозии нақби автомобилгарди «Озодӣ» (Шаршар) 2224 метр аст. Сохтмони нақбро сохтмончиёни Чин ва Тоҷикистон ба анҷом расониданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода додани нақби Шар-Шар ва оғози азнавсозии роҳи Душанбе - Ваҳдат - Данғара гуфтааст, ки "Дар тӯли се сол бо сарфи зиёда аз 130 миллион сомонӣ нақби дарозиаш 2224 метр, 5 километр роҳи даромаду баромади он ва пули дарозиаш 180 метр мутобиқи талаботи меъёрҳои замонавӣ сохта шуд, ки имрӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ҳоло масофаи роҳи Душанбе - Кӯлоб 7 километр ва вақти ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар он 40 дақиқа кӯтоҳ гардид".[1]

Нақби «Озодӣ» (Нақби «Шаршар») имконият фороҳам овард,ки равобити байни вилояти Хатлон бо ноҳияҳои марказии Тоҷикистон таъмин карда шавад.

Номгузории нав[вироиш]

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон нақби «Шар-Шар», ки моҳи сентябри соли 2009 мавриди истифода қарор гирифта буд, «Озодӣ» номгузорӣ шуд.

Накби «Шар-Шар» зери кӯҳи ҳамном дар километри 68 шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Мурғоб-Қулма воқеъ аст. Ифтитоҳи нақби мазкур имкон дод, ки вақти сафар аз Душанбе то Кӯлоб 40 дақиқа камтар шавад. Аз ду ҷониби нақб ба масофаи 5 километр роҳҳои даромад ба нақб бунёд шуданд. Ғайр аз ин, дар яке аз роҳҳои сӯи нақб пули дарозиаш 178 метр сохта шуд. Барои сохтмони ин иншоот, ки моҳи октябри соли 2006 шурӯъ гардида буд, ҳукумати Чин ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 40 млн. доллари ИМА бурс ҷудо кард.[2]

Нигаред[вироиш]

Манобеъ[вироиш]

  1. КУШОДАШАВИИ НАҚБИ «ОЗОДӢ»/Ховар
  2. Нақби «Чормағзак»-ро «Хатлон» ва «Шар-Шар»-ро «Озодӣ» номгузорӣ карданд

Пайвандҳо[вироиш]