Jump to content

Нақси дил

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нақси дил
Нақси дил
eMedicine / 

Нақси дил — тағйироти патоло­гии сохти дил, ки боиси вайрон шу­дани функсияи он мегардад. Нақси дил дар натиҷаи инкишофи нодурусти модарзодӣ ва баъди таваллуд cap задани бемориҳои дил пайдо мешавад.

Нақси модарзодии дил

[вироиш | вироиши манбаъ]

Нақси модарзодии дил (тағйир ёфтани шакли клапанҳои дил, нуқсони рагҳои калон ё девораи байни қисмҳои дил) ҳангоми инкишофи дохилибатнии ҷанин дар натиҷаи заҳролудшавӣ ва баъзе бемориҳои организми модар (масалан, сурхакон), таъсири шуоҳои ионизонанда ё ҳангоми гипоксияи музмини ҷанин рӯй медиҳад. Як қисми нақси модарзодии дил бемории ирсӣ мебо­шад. Сабабҳои асосии ба вучуд омадани нақси ғайримодарзодии дил, ревмокардит, уфунат, сифилис, ате­росклероз, ҷароҳат ва ғайра мебошанд. Вайрон шудани сохти клапанҳои дил ҳангоми нақси ғайримодарзодии дил бо­иси ихтилоли гемодинамика (гардиши хун дар рагҳо) мегардад. Ба нақси дил одатан ҷавонону миёнсолон бештар гирифтор мешаванд.

Нақси дил компенсатсияшуда (муътадилгашта) ва компенсатсиянашуда (муътадилнагашта) мешавад. Дар вақти нақси дили компенсатсияшуда дил ба шароитҳои нави кор мувофиқ буда, кори вазнинро иҷро карда метавонад, бинобар ин аломатҳои беморӣ зоҳир намегарданд. Ҳангоми нақси дили компенсатсия­нашуда дар қисмҳои дил хун шах мешавад ва ин ҳолат минбаъд ба тамоми организм (узву бофтаҳо ва сатҳи бадан) паҳн мешавад. Дар натиҷа ранги пӯсти бадан кабудтобу (сианоз) нафаскашӣ душвор мегар­дад сатҳи бадан вараму дил бозӣ мекунад ва фаъолияти кориаш суст мешавад.

Ҳангоми нақси дили ком­пенсатсияшуда бистарӣ кардани бемор, парҳез, истеъмоли витаминҳо, доруҳои дил ва пешоброн, инчунин ҷарроҳӣ; ҳангоми нақси дили компенса­тсиянашуда бошад курорт, истеъмо­ли василаҳои муқаввӣ.

Обутоб додани орга­низм, варзиши шифоӣ, режими мунтазами меҳнату истироҳат ва ғайра.