Неъматулло Турсунов
Неъматулло Турсунов (тав. 23.09.1932, ш. Конибодом), физик, номзади илмҳои физика ва математика (1968), дотсент (1971).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1950– 1957 дар факултети физика-математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Сталинобод ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1957–1959 муаллими физикаи мактабҳои миёнаи № 18 ш. Душанбе ва № 1 ноҳияи Орҷоникидзеобод, 1959–1962 аспирант, 1962– 1971 ходими хурди илмӣ ва ходими калони илмии Институти физикаю техникаи АИ ҶШС Тоҷикистон буд. Аз соли 1971 ҳамчун дотсенти кафедраи физикаи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият дорад. Оид ба конверсияи дохилии молекулаҳои ангезонидашудаи фосфатҳои органикӣ кори илмӣ бурдааст. Муаллифи зиёда аз 50 номгӯи корҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад. Солҳои 1975, 1980, 1990 шунавандаи факултети такмили ихтисоси назди Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон, соли 1984 коромӯзи Институти физикаю техникаи АИ ҶШС Тоҷикистон буд. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1999) ва ифтихорномаи Вазорати маорифи Тоҷикистон сарфароз шудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асосҳои физикаи квантӣ (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2010.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]
Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |