Неъмат Парпиев
Таърихи таваллуд | 1915 |
---|---|
Кишвар | |
Ҷоизаҳо |
Неъмат Парпиев (тав. 1915, ш. Конибодом – ваф. маълум нест), педагоги тоҷик, номзади илмҳои педагогӣ (1969), дотсент (1973), иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1953 факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Сталинобод ба номи Т.Г. Шевченкоро ба тариқи экстернат ва бо дипломи аъло хатм кардааст. Солҳои 1935–1937 муаллими техникуми омӯзгории ш. Конибодом, 1937– 1946 афсари Артиши Шӯравӣ буд. Солҳои 1947–1948 ба ҳайси мудири шуъбаи таблиғоти Комитети ҳизби коммунистии ш. Ленинобод, 1948– 1951 мудири шуъбаи таблиғотии КМ ҲК Тоҷикистон, 1951–1958 муовини вазири маорифи ҶШС Тоҷикистон, 1958–1969 муовини ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко фаъолият дошт. Солҳои 1969–1971 ҳамчун мудири шуъбаи таҳририяи Энкислопедияи Советии Тоҷик, 1971–1975 муаллими калон ва дотсенти кафедраи фалсафаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, 1975– 1981 мудири кафедраи педагогика ва психологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, 1981–1995 дотсенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият кардааст. Муаллифи 8 кори илмӣ, аз ҷумла маводи таълимии «Лексия оид ба мантиқ» мебошад.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо орденҳои «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» дараҷаи якум, «Нишони фахрӣ», нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» ва 5 медал мукофотонида шудааст