Нигоштори муҳандисӣ
Нигоштори муҳандисӣ, графикаи муҳандисӣ (русӣ: инженерная графика) — фанне, ки масъалаҳои тасвироти ашёро дар рӯи сатҳ меомӯзад. Нигоштори муҳандисӣ яке аз фанҳои асосии муҳандисӣ буда, барои омӯзиши механикаи амалӣ, равандҳо ва дастгоҳҳои технологияи кимиёӣ, технологияи кимиёии умумӣ замина мегузорад. Нигоштори муҳандисӣ ҳангоми таҳия ва истифодаи силсилаи лоиҳакашии автоматикардашуда татбиқ мегардад. Тасвироти гуногун аз замонҳои қадим истифода мешуданд. Баъзе нақшу нигор, тасвирот ва намою тарҳи биноҳо, иншооти давраи Сомониён, мас., шаклҳои ҳандасӣ, меъморию бинокорӣ (сардоба, хонақоҳ, масҷиду мақбара ва ғ.) то замони мо расидаанд.
Нигоштори муҳандисӣ дар асри XVII инкишоф ёфта буд. Дар асри XVIII ба ҷои нигоштори муҳандисӣ расмҳои техникӣ бештар истифода мешуданд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Графикаи муҳандисӣ / Т. Ҷӯраев // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.