Jump to content

Нигоҳ доштани сарват дар бонк

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Нигоҳ доштани сарват дар бонк - маблағҳои пулие,ки шахсони воқеӣ бо мақсади гирифтани даромад дар бонк мегузоранд. Даромад аз рӯи маблағҳои гузошташуда дар шакли фоиз дода мешавад. Маблағҳо (пасандоз) ба маблағгузор бо аввалин талабаш бо тартиби муқарраркардаи қонун баргардонда мешавад. Бонкҳо барои нигаҳдошти маблағ ва дигар сарватҳо уҳдадор мешаванд, ки ин муносибат дар шакли шартнома сурат гирад. Тибқи қ.1 м.854 КГ ҶТ мувофиқи шартномаи пасандози бонкӣ (депозити бонк) як тараф (бонк), ки маблағи ба ҳисоби тарафи дигар (амонатгузор) воридшударо қабул кардааст, уҳдадор мешавад, ки ба амонатгузор ин маблағро баргардонад ва барои он фоиз ё дар шакли дигар тибқи шарт ва тартиби пешбининамудаи шартнома фоида пардозад.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 333