Jump to content

Низоми интихоботи бисёрваколатӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Низоми интихоботи бисёрваколатӣ — яке аз намудҳои низоми интихоботи мажоритарӣ мебошад, ки дар он аз ҳавзаи интихобот на як, балки якчанд (ҳавзаи бисёрваколатӣ) вакил интихоб карда мешавад ва таносубан интихобкунанда ҳамон қадар овоз дорад, ки он қадар вакил бояд интихоб шавад. Агар, масалан, ба ҳамин ҳавзаи интихоботӣ се ваколатнома ҷудо карда шуда бошад, пас дар рӯйхати номзадҳои азқайдгузашта, ки интихобкунанда дар шакли варақа мегирад, метавонад ба се ва аз он кам номзад овоз диҳад. Дар ҳавза дар асоси низоми интихоботи нисбӣ се номзаде аз рӯйхат интихобшуда дониста мешавад, ки нисбат ба дигарон овози зиёд гирифта бошад. Инчунин низоми бисёрваколатие маълум аст, ки онро боварии (вотуми) кумулятивӣ меноманд, ки дар он ба интихобкунанда ҳуқуқ дода мешавад, ки ҳамаи овози худро (онҳо бошанд ҳамон қадаре, ки вакил интихоб мешуда бошад) ба як номзади дар рӯйхатбуда диҳад, ё ки дар байни ду номзад тақсим намояд. Азбаски дар интихоботи мажоритарии бисёрваколатӣ рӯйхати номзадҳо мавҷуд аст, аз ин рӯ, бисёр вақт онро аз низоми интихоботи мутаносиб фарқ намекунанд. Низоми бисёрваколатӣ бештар дар интихоботи маҳаллӣ ба кор меояд.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 337-338