Низоми интихоботи мажоритарии аксарияти мутлақ
Низоми интихоботи мажоритарии аксарияти мутлақ - тарзи муайянкунии натиҷаи овоздиҳӣ, ки дар он барои гирифтани ваколатнома аксарияти мутлақи овозҳо, яъне миқдоре, ки ақаллан як овоз аз шумораи умумии интихобкунандагон дар ҳавзаи мазкур зиёд бошад (одатан аз шумораи овозҳои додашуда ё боэътибор донисташуда). Бартарии ин низом ғайр аз осонии баҳисобгирии натиҷаи овоздиҳӣ боз дар он аст, ки номзади интихобшуда ё рӯйхати номзадҳо аксарияти мутлақи интихобкунандагонро намояндагӣ мекунанд. Вале ин низом нуқсонҳои ҷиддӣ дорад, масалан, шумораи зиёди овозҳо, ки беэътибор мемонанд. Масалан, аз ҳавзае, ки дар он 50 ҳазор интихобкунанда мавҷуд аст, фақат як номзад соҳиби ваколатнома мегардад. Дар интихобот чор кас иштирок дошт:«А» - 25002 «Б» -12 ҳазор, «В» - 10 ҳазор ва «Г» - 2998 овоз гирифт ва вакил интихоб гардид. Овози интихобкунандагони ба номзадҳои «Б», «В» ва «Г» дода ва муқобили номзади «А» овоз дода, дар маҷмӯъ 24 998 яъне ҳамагӣ 4 овоз кам аз «А», аз ҳамин ҳавза беэътибор монда, гум мешавад. Низоми интихоботи мажоритарии аксарияти мутлақ дар интихоботи вакилони палатаи поёнии парлумони Фаронса - Маҷлиси миллӣ ба кор бурда мешавад. Дар даври дуюм барои интихобгардӣ ба даст овардани овозҳои аксарияти нисбӣ кифоя аст. Низоми мазкур ба манфиати ҳизбҳои калон мебошад, чунки онҳоро интихобкунандагон дастгирӣ менамоянд ва имкони бурдани муборизаи фаъол барои номзадҳои худ доранд. Дар чунин низом ба ҳизбҳои хурд умед бастан ба комёбӣ кам аст. Дар вазъияти бисёрҳизбӣ ин низом на ҳамеша натиҷабахш аст, чунки дар давраи аввали интихобот якбора аз нисф зиёд овоз гирифтан чандон осон нест. Барои бартараф кардани ин нуқсон гоҳо овоздиҳии такрорӣ ва чандин давр зарур мешавад, то ягон номзад ба аксарияти мутлақи овозҳо ноил гардад. Дар ҳолати чандин давр гузарондани овоздиҳӣ, абсентеизм (бетарафӣ) меафзояд. Яке аз роҳҳои такмили ин низом ҷорӣ кардани овоздиҳии такрорӣ аст, ки барои иштирок дар он ба ду номзад ё ду рӯйхати дар даври аввал аз ҳама зиёд овозгирифта иҷозат дода мешавад, ё ки дар ин даври интихобот қоидаи низоми дигари интихобот ба кор бурда мешавад. Дар ин ҳолат интихобкунанда дар вазъияте гузошта мешавад, ки ё ба номзади дигар овоз диҳад ё тамоман аз иштирок дар овоздиҳӣ даст кашад. Яке аз воситаи бартараф кардани бенатиҷагӣ муқаррар кардани овоздиҳии алтернативӣ мебошад (ниг. ба Овоздиҳии алтернативӣ, Низоми интихоботи мажоритарӣ).[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 338-339