Низоми интихоботи мажоритарии аксарияти нисбӣ
Низоми интихоботи мажоритарии аксарияти мутлақ - тарзи муайян кардани натиҷаи овоздиҳӣ, ки дар он барои гирифтани ваколатнома зарур аст, ки аксарияти нисбӣ ё одии овозҳо, яъне шумораи овозҳои зиёдтар нисбат ба дигар ҳарифон ҷамъ карда шавад. Ин низом ҳамеша самаранок аст. Қамбудии асосии он натиҷаи интиҳоии беадолатона мебошад. Масалан, дар ҳавзае, ки 50 ҳазор муқаррар шудааст, номзади «А» (рӯйхати ҳизб) 19 ҳазор овоз, «Б» - 12 ҳазор, «В» -10 ҳазор, «Г» - 9 ҳазор овоз гирифтанд. Дар ин ҳолат ваколатнома ба номзади «А» дастрас мешавад. Интихобкунандагоне, ки ба «Б», «В» ва «Г» овоз додаанд, яъне 31 ҳазор кас аз ин ҳавза ҳеч гуна ҳисса надоранд ва овозҳои онҳо гум мешавад. Аз рӯйи ин низом қоидае амал мекунад, ки ғолиб чӣ гуна бо овози кам ваколатномаро соҳиб шуда бошад, ҳамон қадар шумораи зиёди овозҳо гум мешавад. Низоми интихоботии мазкур мувофиқ омадани намояндагиро дар муассисаҳои интихобии миллӣ ва минтақавӣ таъмин намекунад. Дар ин низом мақомоти интихобӣ афзалияти афкори сиёсии интихобкунандагонро инъикос карда наметавонад. Мумкин аст ҳизби сиёсии аксарияти овозҳоро дар мамлакат нагирифта, ба аксарияти ҷойҳо дар парлумон соҳиб гардад (ниг. ба Низоми интихоботи мажоритарӣ).[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 339