Jump to content

Низоми маъмурӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Низоми маъмурӣ - фармонфармоии идораи қатъии марказонидашудаи мамлакат, ташкили зинаҳои амудӣ, ки дар он зинаҳои поёнӣ ба болоӣ итоаткор буда, болоиҳо на фақат фармоишҳо медиҳанд, балки ҳар лаҳза ҳар қадами мақоми поёниро бетаъсир гардонда, бо ҳамин мустақилияти онҳоро бекор мекунанд. Низоми маъмурӣ-фармонфармоӣ ғояи марксистӣ-лениниро воло дониста, вазъи ҳукмфармоии як ҳизби сиёсиро таъмин карда, ҳар гуна гуногунандешии сиёсӣ, озодии афкорро бекор намуд. Ҳамаи ин боиси бӯҳрони ҷомеа ва ҳокимият, карахтӣ гардид, ки баъдтар равандҳои демократикунонӣ барои ислоҳи он равона карда шуд.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - С. 343