Jump to content

Низоми сарҳадӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Низоми сарҳадӣ - низоми махсуси ҳуқуқӣ дар минтақаи сарҳадӣ мебошад, ки тартиби иқомату фаъолияти шахсон ва ҳаракати воситаҳои нақлиётро муқаррар месозад. Тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи сарҳади давлатии ҶТ» низоми сарҳадӣ дар минтақаи сарҳадӣ ва хатти сарҳадӣ муқаррар карда мешавад. Низоми сарҳадӣ қоидаҳои зеринро дар бар мегирад: 1. Дохил шудан (гузаштан), будубоши муваққатӣ, ҳаракати шахсон ва воситаҳои нақлиёт дар минтақаи сарҳадӣ; 2.Фаъолияти хоҷагидорӣ, шикор ва фаъолияти дигар, гузаронидани чорабиниҳои оммавии ҷамъиятию сиёсӣ, фарҳангӣ ва ғайра дар минтақаи сарҳадӣ; 3. Шикор кардан, машғул шудан ба фаъолияти тадқиқотӣ, ҷустуҷӯӣ ва фаъолияти дигар дар қисми Тоҷикистонии оби дарёҳо, кӯлҳо ва дигар обанборҳои сарҳадӣ.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 344