Jump to content

Низомуддин Аҳмади Суҳайлӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Низомуддин Аҳмади Суҳайлӣ
Таърихи таваллуд: 1444
Таърихи даргузашт: 1502
Навъи фаъолият: шоир

Амир Низомуддин Шайх Аҳмади Суҳайлӣ (форсӣ: نظام الدین احمد سهیلی‎), маъруф ба Амир Шайхам[1] (14441502; мутахаллис ба Суҳайлӣ) — шоир ва нависандаи форс-тоҷик, вазири Султон Ҳусайни Бойқаро.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ӯ аз 11 — солаги ба гуфтани шеър шурӯъ карда, дар 12 — солаги бо ташаббуси Озари ба худ тахаллус интихоб кардааст. Таҳсилоти илмии Суҳайли дар Ҳироту Самарканд гузашта, вай кариб бист сол мулозиму вазири Султон Хусайни Бойкаро (1469—1506) буда, дар охири умр аз мулозимат даст мекашад. Соли 1494 Хусайн Воизи Кошифи «Анвори Суҳайлӣ»-ро ба ӯ бахшида таълиф мекунад.

Суҳайли 14 сентябри соли 1502 дар Хирофот вафот кардааст.

Аз мероси адабии Суҳайли то ба замони мо девони ашъор, ки бештар аз 2500 байтро фаро мегирад ва аз қасидаву ғазал, қитъаву рубои, таркиббанду тарчеъбанд ва мустазоду фард иборат аст ва достони «Лайли ва Мачнун» боки мондааст. Ба қавли Давлатшоҳ Суҳайлӣ девони туркӣ хам доштааст, ки имрӯз нопайдост.

Лайли ва Маҷнун

[вироиш | вироиши манбаъ]

«Лайли ва Маҷнун»-ро Амир Шайхам Суҳайлӣ 2 октябри соли 1484 тамом кардааст ва он мувофики гуфти муаллиф 2065 байтро фаро мегирад. Вале нусхаи ягонаи бокимондаи он (Оксфорди Англия) шомили 2029 байт аст.

Намунаи ашъор

[вироиш | вироиши манбаъ]
Ба гулгунҷомае дил додам боз,
Ба дасти қотиле афтодаам боз.
Ба якрангии он қаттолшева
Чи хун, к-аз дидаҳо нақшодаам боз.
Ҳавои бандагии сарви нозе
Фитода дар сари озодаам боз.
Сӯи абрӯйи шӯхе кардк имо,
Ҳилоли абрӯи саҷҷодаам боз.
Шудам аз хеш чандон, бас кун, эй ишқ.,
Ки боз ояд ҳарифи бодаам боз.
Ҷудо з-он маҳ чиҳо, к-аз оҳу нола
Ба суйи чарх нафристодаам боз.
Нахоҳам чун Суҳайлӣ вусмаву холл,
Ки мадҳуши ҷамоли содаам боз.
  1. Суҳайлӣ / С. Воҳидов // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).