Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Николай Волчков

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Николай Волчков
Таваллуд 23 феврал (8 март) 1910
Зодгоҳ
Даргузашт 2003
Маҳалли марг
Шаҳрвандӣ
Касб ҳунарпеша
Ҷоизаҳо
ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени «Нишони Фахрӣ»
Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон
IMDb ID 14992723

Волчков Николай Николаевич (23 феврал [8 март] 1910, Губернияи Маскав2003, Исроил) — ҳунарпешаи шӯравӣ. Артисти халқии ҶШС Тоҷикистон, Артисти халқии ИҶШС (1974).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Студияи маҳорати актёрии шаҳри Маскав (1935). Ҳунарпешаи Театри драмаи Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург). Соли 1937 ба Тоҷикистон омада, дар таъсиси Театри давлатии драмавии русии ба номи Николай Волчков Маяковский иштирок кардааст. Николай Волчков дар саҳнаи театри мазкур зиёда аз сад нақш офаридааст. Ӯ иҷрокунандаи нақшҳои асосии беҳтарин намоишҳои ин театр буд.

Нақшҳои асосиаш: Миша («Задухӯрд барои ҳаёт»-и М. Волина ва М. Шатров), Лопес («Рӯҳонии испаниягӣ»-и Ҷ. Фолетчер), Миллер («Макр ва муҳаббат»-и Шиллер), Квашнин («Ҷавони сеюм»-и бародарон Тур), Горностаев («Любов Яровая»-и К. Тренёв), Окаёмов («Машенка»-и А. Афиногенов), Лука, Достигиев («Дар қаър» ва «Егор Буличёв ва дигарон»-и М. Горкий), Аким («Дар зулмот»-и Л. Н. Толстой). Қуллаи эҷодии Николай Волчков иҷрои нақши Николай Волчков И. Ленин дар намоишномаҳои театри мазкур мебошад: «Соли пуртӯфон»-и А. Каплер (1957), «Соати бурҷи Кремл»-и Н. Погодин (1970), «Бо номи инқилоб»-и М. Шатров (1973), операи «Дар тӯфон»-и Т. Хренников (Театри давлатии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ, 1972). Николай Волчков аз асарҳои драманависони тоҷик ҳам нақшҳои гуногуни мусбат ва манфӣ офаридааст: раиси колхоз («Шуҳрати нек»-и М. Рабиев, 1957), Эшони Мирзо («Достони Бибизайнаб»-и С. Саидмуродов, 1965), Одина («Пайраҳаҳои оташин»-и М. Назаров, 1973).

Бо 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо сарфароз гардидааст.