Николай Воронов
Николай Воронов | |
---|---|
Зодрӯз | 23 апрел (5 май) 1899 |
Таърихи даргузашт | 28 феврал 1968[1][2] (68 сол) |
Мансубият | |
Солҳои хидмат | артиллерия |
Қисм | chief marshal of the branch[d] |
Равобит | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Никола́й Никола́евич Во́ронов (23 апрел (5 майи) 1899, Санкт-Петербург, Русияи подшоҳӣ — 28 феврали 1968, Маскав, ИҶШС) — сарлашкари шӯравӣ, Сармаршали артиллерия (1944[3]), Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (1965).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи курсҳои фармондеҳии артиллерия (1918) ва Академияи ҳарбии ба номи М. Фрунзе (1930). Иштироккунандаи Ҷанги шаҳрвандии Русия. Аз соли 1918 то 1934 фармондеҳи ҷузъу томҳои артиллерӣ ва ситодӣ, 1934-36 директори Омӯзишгоҳи 1-уми артиллерии Ленинград, 1936-37 мушовири низомӣ дар Испания, 1937-41 фармондеҳи артиллерияи Артиши Сурх, сардори Раёсати мудофиа аз ҳуҷуми ҳавоӣ, 1941-43 ҷонишини комиссари халқии мудофиаи ИҶШС, дар давраи ҶБВ (1941-45) фармондеҳи артиллерия ва намояндаи Ситоди Сарфармондеҳи Олӣ буд. Ба торумор кардани гурӯҳи бамуҳосираафтодаи фашистони немис дар назди Сталинград сарварӣ намуд.
Нахустин касест, ки рутбаи маршали артиллерияро (1943) гирифтааст. Аз соли 1946 фармондеҳи артиллерияи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС. Солҳои 1950-53 президенти Академияи илмҳои артиллерӣ, 1953-58 сардори Академияи ҳарбии фармондеҳии артиллерӣ, аз соли 1958 дар корҳои масъули Вазорати мудофиаи ИҶШС. Муаллифи ёддоштҳои «Дар хидмати ҳарбӣ» (1962). Депутати Совети Олии ИҶШС (даъвати 2).
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо 6 ордени Ленин, ордени Револютсияи Октябр, 4 ордени Байрақи Сурх, 3 ордени дараҷаи 1 Суворов, ордени Ситораи Сурх, медалҳо, 5 ордени хориҷӣ, туфанги фахрӣ сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Воронов Николай Николаевич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ TracesOfWar
- ↑ Указ Президиума Верховного Совета СССР «О присвоении маршалу артиллерии Воронову Н. Н. военного звания главного маршала артиллерии» от 21 февраля 1944 года // Ведомости Верховного Совета Союза Советских Социалистических Республик : газета. — 1944. — 29 февраля (№ 12 (272)). — С. 1
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Казаков К. Главний маршал артиллерии Н. Н. Воронов // Военно-исторический журнал, 1979, № 5;
- Новая российская энциклопедия. Т. IV (1). М., 2007.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Воронов Николай Николаевич // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Зодагони 5 май
- Зодагони соли 1899
- Даргузаштагони 28 феврал
- Даргузаштагони соли 1968
- Даргузаштагони Маскав
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ
- Дорандагони ордени Ленин
- Дорандагони ордени Инқилоби Октябр
- Дорандагони ордени Ситораи Сурх
- Сарфарозшудагон бо медали «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945»
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо