Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Николай Гамалея

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Николай Гамалея
Таърихи таваллуд 5 (17) феврал 1859[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 29 март 1949(1949-03-29)[2] (90 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ микробиология, Эпидемиология, пизишкӣ ва вирусшиносӣ
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори тиб[d]
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Луис Пастер
Ҷоизаҳо
ордени Ленин ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
Stalin Prize, 2nd degree
 Парвандаҳо дар Викианбор

Никола́й Фёдорович Гамале́я (5 (17) феврал 1859, Одесса — 29 марти 1949, Маскав) — микробиолог, академики фахрии АИ ИҶШС (1949; узви вобаста 1939), академики АИТ ИҶШС (1945).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Донишгоҳи Новороссияи Одесса (1880) ва Академияи ҳарбии тиббии Петербург (1883)-ро хатм кардааст. Соли 1886 дар Порис дар лабораторияи Л. Пастер кор карда, оид ба моякӯбии зидди бемории ҳорӣ таҳқиқот анҷом дод. Ҳамроҳи И. И. Мечников дар Одесса бунгоҳи бактериологӣ ташкил намуд; вирус будани ангезандаи тоуни чорворо муқаррар кард. Николай Гамалея оид ба бемориҳои ҳорӣ, сил, вабо ва ғ. таҳқиқоти ҷолиб анҷом додааст. Ӯ. кошифи бактериолизинҳо (моддаҳои харобсозандаи бактерияҳо, 1898) ва «Вибриони Мечников» – ангезандаи касалии вабомонанди парандаҳо мебошад. Соли 1908 бори нахуст исбот кард, ки бемории ҳасбаро шабуш интиқол медиҳад. Николай Гамалея оид ба пешгирии домана, вабо, нағзак, тифи раҷъӣ пажӯҳишҳои назаррас ба анҷом расонд.

Дорандаи Мукофоти давлатии ИҶШС (1943). Бо 2 ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо сарфароз гардидааст.