Нилс Ҳенрик Абел

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Абел
Абел Нилс Ҳенрик
Niels Henrik Abel.jpg
Санаи таваллуд:

5 август 1802(1802-08-05)

Зодгоҳ:
Санаи марг:

6 апрел 1829(1829-04-06)[1][2][…] (26 сол)

Маҳалли марг:
Мамлакат:
Фазои илмӣ:

риёзӣ

Ҷойҳои кор:
Алма-матер:
Ҷоизаҳо:
Имзо:

Имзо

Commons-logo.svg Абел дар Викианбор

Абел (Абел Нилс Ҳенрик норвегӣ: Niels Henrik Abel ; 8 августи 1802 - 6 апрели 1829, Флоранд наздикии, Арендал) — математики машҳури норвегиявӣ.

Зиндагинома[вироиш]

Соли 1821 Абел ба Донишгоҳи Осло дохил шуда, соли 1822 дараҷаи илмии номзади фалсафаро соҳиб мегардад. Зимистони 1822 – 23 Абел ба донишгоҳ аввалин кори илмии назаррасеро пешниҳод мекунад, ки он ба интегронидани муодилаҳои дифференсиалӣ бахшида шуда буд.

Кор ва фаъолият[вироиш]

Соли 1823 Абел яке аз масъалаҳои қадима: дар ҳолати умумӣ (дар радикалҳо) ҳал надоштани муодилаҳои дараҷаи 5-ро бомуваффақият исбот кард. Солҳои 1825 – 26 Абел ба Берлин сафар кард ва ҳамроҳи К. Г. Якоби дар пешрафти назарияи функсияҳои эллиптикӣ корҳои назаррасеро анҷом дод. Абел исбот намуд, ки муодилаҳои дараҷаашон аз 4 боло, дар ҳолати умумӣ, дар радикалҳо ҳал надоранд.

Фаъолияти илмӣ[вироиш]

Абел яке аз асосгузорони назарияи функсияҳои эллипсӣ мебошад. Барои тадқиқоти илмиаш дар соҳаи функсияҳои абелӣ сазовори мукофоти Академияи Париж гардидааст. Соли 1828 Абел узви ҷамъияти илмии шоҳии Норвегия интихоб шуда, тадқиқоташро оид ба функсияҳои эллиптикӣ вусъат медиҳад. Куллиёти асарҳояшро соли 1839 устодаш Холмбоэ чоп мекунад. Ба шарафи ӯ дар Моҳ номи танӯрае гузошта шудааст (танӯраи Абел). Соли 2002 ҳукумати Норвегия ба шарафи 200-солагиаш Мукофоти ба номи Абелро дар соҳаи математика таъсис дод. Дар шаҳри Осло ҳайкалаш гузошта шудааст.

Ҷоизаҳо ва мукофотҳо[вироиш]

Корманди шоистаи Тоҷикистон (соли 2002)

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Оре О., Замечательный математик Нильс Хенрик Абель, М., 1961.

Сарчашма[вироиш]