Jump to content

Нисён

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Нисён (ар. نسیان‎ — фаромӯшӣ), фаромӯшхотирӣ — суст ё нест шудани қобилияти қабули ҳофиза ва нигоҳ доштану ба ёдовардани хотирот.

Нисён се хел мешавад: диемнезия (суст шудани хотира), амнезия (нест шудани хотира) ва парамне­зия (фиреби хотира). Ҳангоми дие­мнезия хотира суст мешавад; кас ахбори ҷорӣ (хусусан ном, рақам ва ғайра)-ро дар хотир нигоҳ дошта наме­тавонад, санаю тартиби воқеаҳорофаромӯш мекунад.

Амнезия якчанд хел мешавад: амнезияи ретроградӣ — кас воқеаҳои пеш аз беморӣ дидаву шунидаашро пурра ё қисман фаромӯш мекунад; амнезияи репродуктивӣ — бемор ном, рӯзи вуқӯи воқеа, шумораю шакли чизҳо ва ғайраро фавран ба ёд оварда наметавонад; амнезияи фиксатсионӣ — гирифторони ин намуди амне­зия воқеаҳои ҷориро дар хотир нигоҳ дошта наметавонанд; амнезияи шиддатёбанда — қобилияти қабули хотира гум мешавад ва ёддоштҳо, хусусан воқеоти солҳои охир, оҳиста-оҳиста фаромӯш мешаванд. Парамнезия ду хел мешавад: конфабулясия (ёддошти қалбакӣ) ва криптомнезия (таҳрифи хотира).

Ҳангоми конфабулясия асли ҳодиса фаромӯш мешавад ва ҷои онро тасаввуроти хаёлӣ мегирад; дар вақти криптомнезия ҳар воқеа ё ҳодисае, ки бемор шунида ва ё дар хоб дидааст, ба назараш менамояд. Нисён ба бемориҳои органикии системаи асаб бештар хос аст. Барои он ки бе­мор шифо ёбад, аввал асоси бемориро табобат бояд кард.