Ниёз Сафаров
Ниёз Сафарович Сафаров (тав. 12. 08. 1931, деҳаи Работингаки ноҳияи Шӯрообод), равоншиноси тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1949 Донишкадаи муаллимтайёркунии ш. Кӯлобро хатм намудааст. Солҳои 1950–1952 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Сталинобод ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1952–1954 муаллими кафедраи педагогика ва психологияи Донишкадаи муаллимтайёркунии ш. Кӯлоб, 1955–1957 декани факултети таъриху филологияи Донишкадаи омӯзгории ш. Кӯлоб, 1957–1960 муовини директори Донишкадаи омӯзгории ш. Кӯлоб оид ба таълим ва корҳои илмӣ, 1962–1968 муаллими калони кафедраи равоншиносии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, 1968–1969 сардори Раёсати кадр ва мутахассисони ҷавони Вазорати маорифи халқи Тоҷикистон буд. Солҳои 1969–1991 ҳамчун сардори Раёсати мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус, мактаби олӣ ва илм, маълумоти олӣ ва миёнаи махсус, маълумоти олии Вазорати маорифи Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 1991–1995 муовини Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1995–1996 Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм ва масоили иҷтимоӣ, 1996–1997 Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, фарҳанг ва масоили иҷтимоӣ, 1997–1999 Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати сиёсати иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон буд. Аз соли 2000 то ба имрӯз ҳамчун мушовири ректори Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон фаъолият дорад.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо орденҳои «Нишони фахрӣ»(1961,1971), медали «Барои меҳнати шоён», ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И. Ленин, медали «Ветерани меҳнат» (1985), ордени «Дӯстӣ» (1999) ва ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз карда шудааст.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |