Jump to content

Нозими Ҳиротӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нозими Ҳиротӣ

Нозими Ҳиротӣ (форсӣ: ناظم هراتی‎; 1601/05, Ҳирот — 1671, ҳамон ҷо) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз оилаи Ҳунарманд. Дар Ҳирот таҳсил ва эҷод кардааст. Фаъолияти адабии Нозими Ҳироти дар муҳити ҳунармандони Ҳирот ҷараён дошт. Си­пас, шоир бо ҳокими Хуросон Ҳасанхон (1618—1940) муносибат пайдо карда, баъд аз вафоти ӯ дар дарбори Аббосқулихон хизмат намуд ва бо супориши ӯ соли 1662 маснавии «Юсуф ва Зулайхо»-ро ба итмом расонд. Чанд вақт дар Арабистон буд.

Соли 1667 ҳамсабақи Нозими Ҳиротӣ Толиби Ҳиротӣ як нусхаи «Девон» ва маснавии «Юсуф ва Зулайхо»-и ӯро ба Бухоро овард ва бо ҳамин шоир шуҳратманд гардид. Мероси бадеии Низоми аз маснавии «Юсуф ва Зулайхо», қасоид, ғазалиёт, қитъаот ва рубоиёт иборат буда, беҳтарин нусхаи «Куллиёт»-и ӯ дар китобхонаи Институти шарқшиносии АИ Узбекистон маҳфуз аст.

Шоир дар эҷодиёташ ишқ, табиат, зиндагӣ, инсон ва ғайраро ситоиш кардааст.