Jump to content

Нозимҷон Абдураҳмонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нозимҷон Абдураҳмонов
Таърихи таваллуд 1904(1904)
Зодгоҳ Конибодом
Таърихи даргузашт 1994(1994)
Маҳалли даргузашт Конибодом
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ — 1948
Ордени Ленин
Ордени «Нишони Фахрӣ»

Нозимҷон Абдураҳмонов (1904, Конибодом1994, ҳамон ҷо) — пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948), Устоди пахтаи Тоҷикистон (1959).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Коргари артели ҳунармандии «Болшевик» (солҳои 1928 – 29) ва Комбинати консервабарории шаҳри Конибодом (солҳои 1930 – 31), сардори бригадаи пахтакории колхози «Ленинград»-и ноҳияи Конибодом (1932 – 68). Аз соли 1965 нафақагир. Бригадааш солиёни зиёд ҳосили баланди пахта рӯёнидааст.

Ордену медалҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо орденҳои Ленин, «Нишони фахрӣ», медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.