Jump to content

Нозирҷон Боҳирӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нозирҷон Боҳирӣ
Нозирҷон Боҳирӣ
Таърихи таваллуд: 12 август 1940(1940-08-12) (84 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Конибодом
Навъи фаъолият: шоир, тарҷумон

Нозирҷон Боҳирӣшоир, тарҷумон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1990)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Нозирҷон Боҳирӣ 12 августи соли 1940 дар деҳаи Пӯлодони ноҳияи Конибодом зода шудааст. Соли 1965 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст. Баъдан ходими адабии рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Пионери Тоҷикистон», моҳномаҳои «Машъал» ва «Истиқбол» будааст. Муддате дар Афғонистон тарҷумонӣ кардааст.

Шеърҳояш аз соли 1958 чоп мешаванд. Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Андеша» (1975), «Дониш талабу бузургӣ омӯз» (1988), «Талош» (1990), «Оташи обдор»(2010) ва ғ. мебошад. Қиссаи сегонаи Х.Тӯхтабоевро аз ӯзбекӣ ба тоҷикӣ гардондааст (1976). Аз соли 1990 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

  • Барандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (1979);
  • Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон (1985);
  • Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон (1991).[1]
  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с.61 ISBN 978-99947-2-379-9