Ноз (гул)
Ноз (гул) | ||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест. Параметрҳои parent ва rangро пур кунед.
|
||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||
Sedum L. (1753) | ||||||||||||||
|
Ноз, Гули ноз, Се́дум (лот. Sedum) — сардае аз гиёҳон, баъзан нимбутта ё буттаи ҳамешасабз.
Тавсифоти гиёҳшинохтӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Баргҳои ғафс, гули майдаи ситорашакл (дар гултӯда ҷой гирифтааст) ва ғӯзамеваи майдатухм дорад. Гули ноз тобистон ва тирамоҳ мешукуфад. Аз қаламча ва тухм месабзад. Гули нози хурдӯй дар дашт ва нишебиҳои Авруосиё, Африқо, Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ дучор меояд. Зиёда аз 500 навъ дорад. Дар Тоҷикистон 3 навъи гули ноз (S. tetramerum, S. ewersi, S. busharicum) мерӯяд. 4 намуди дигари гули ноз (S. spectalibe, S. hybridum, S. lydium ва S. spurium)-ро парвариш мекунанд. Ба сармо ва хушкӣ тобовар аст. Гули нози лидий (S. lydium), ки дар сабзкории пойтахт фаровон истифода мешавад, рустании ҳамешасабз буда, то 30 см қад мекашад. Он баргҳои майда дошта, моҳи июн гул мекунад; гулаш сафед, 2-3 ҳафта хазон намешавад. Барои дар байни роҳравҳо ва гулзор шинондан мувофиқ аст. Дар ҳар гуна хок месабзад.
Хосиятиҳои шифоӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Як навъи гули ноз (S. acre), ки бо номи карами харгӯш машҳур аст, хосияти давоӣ дорад. Бо мақсади табобат қисми рӯихокии онро истифода мебаранд. Табибони халқӣ бо шираи баргу пояи он бемориҳои зангила, саръ, атеросклероз, табларза ва зардпарвинро муолиҷа менамоянд. Ҷӯшобаи он давои зардпарвин, бемориҳои меъдаву рӯда, халаи меъда ва иллати ҷигар буда, таъсири пешобронӣ ва исҳоловарӣ дорад. Оби он хориши пӯстро рафъ месозад, ба окила (гангрена), захмҳои фасоддор, гӯшдард, омосҳо нафъ меорад. Ҳангоми истифодаи S. acre бояд эҳтиёт намуд, зеро зиёдаравӣ дар муолиҷа бо ин рустанӣ метавонад боиси сӯхтани даҳон, дилбеҳузурӣ, қай, обила кардани пӯст ва дигар пайомадҳои номатлуб гардад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гули ноз // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Цветоводство в городах и посёлках Таджикистана. Д., 1965;
- Флора Таджикской ССР. Т. 4. Л. 1975;
- Куреннов И. Энциклопедия лекарственных растений. М., 2012.