Jump to content

Норхоҷа Чоризода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Хоҷа
Норхоҷа Чоризода
Таърихи таваллуд: 28 октябр 1972(1972-10-28) (52 сол)
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, файласуф
Солҳои эҷод: 1995—то имрӯз
Жанр: ғазал, тарона
Забони осор: забони тоҷикӣ

Норхоҷа Чоризода (тахаллуси адабиаш — Хоҷа; тав. 28 октябри 1972; Қашқадарё, Ӯзбекистон) — шоир ва файласуфи тоҷикзабони Ӯзбекистон. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2005).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Норхоҷа Чоризода — мутахаллис ба «Хоҷа» дар 28 октябри соли 1972 дар ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё дида ба ҷаҳон кушод. Вай баъди хатми мактаби деҳа дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд таҳсил намудааст. Баъди хатми донишгоҳ дар аспирантураи Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд идомаи таҳсил намудааст.

Солҳои дароз дар Донишгоҳи тиббии Самарқанд ба ҳайси устоди фалсафа кор кардааст. Аз соли 2022 то ҳол муҳаррири таҳририяти Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов мебошад.

Хоҷа аз солҳои донишҷӯӣ машқи шеър намуда, асарҳояш дар саҳифаҳои матбуот чоп шудаанд. Нахустин маҷмӯаи ашъораш бо унвони «Паёме аз жарфои сукут» соли 1997 аз нашр баромадааст.

Дар шеърҳои Хоҷа афкори фалсафӣ бо нақшҳои ҳаётӣ омезиш ёфтаанд.

  • Паёме аз жарфои сукут (1997)
  • Муҷассамаи ишқ (2003)[1]
  • Аз ишқи ту то ишқи Ҳақ (2022)

Инчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]