Jump to content

Носирҷон Маъмурзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Носирҷон Маъмурзода
Маъмурзода Носирҷони Маъмур
Таърихи таваллуд 16 март 1984(1984-03-16) (40 сол)
Зодгоҳ Қӯрғонтеппа, вилояти Хатлон
Фазои илмӣ филология
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Ҷоизаҳо медали «Хидмати шоиста»

Носирҷон Маъмурзода (Маъмурзода Носирҷони Маъмур; зод. 16 марти 1984, Қӯрғонтеппа) — рӯзноманигор, омӯзгор, номзади илмҳои филология (2019)[1], дотсент.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Носирҷон Маъмурзода 16 марти соли 1984 дар шаҳри Бохтари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи коргар ба дунё омадааст[2].

Хатмкардаи факултети журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Аз моҳи апрели соли 2021 сармуҳаррири рӯзномаи «Хатлон» — нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мебошад.

Солҳои 2006—2008 хабарнигор-ҳамкори телевизиони мустақили «Қӯрғонтеппа», солҳои 2008—2010 сармуҳаррири ҳафтаномаи «Ҳамрози халқ» — нашрияи Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, пасон, то соли 2015 мудири шуъбаи ахбор ва омӯзиши афкори оммаи рӯзномаи вилоятии «Хатлон», аз соли 2015 то соли 2019 муовини сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Хатлон» буд.

Солҳои 2019—2021 дар вазифаи мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон фаъолият дошт. Ҳамзамон ба ҳайси ҳамкор дар вазифаи дотсенти кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав кор мекунад.

Муаллифи ду дастури таълимӣ, ду монография, беш аз 60 мақолаи илмӣ, беш аз 1200 таълифоти публитсистӣ мебошад.

Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, лауреати Ҷоизаи умумиҷумҳуриявии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (2016), дорандаи нишонҳои сарисинагии «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2009), «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2010), «100-солагии матбуоти тоҷик» (2019), «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» (2020), «Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон» (2023), барандаи Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон «Неруи сухан-2017» дар номинаи «Беҳтарин таҳқиқоти журналистӣ» (2017), барандаи Ҷоизаи Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон ба номи Пайванди Гулмуродзода барои тадқиқоти илмӣ дар соҳаи журналистика (2018) мебошад.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2022, № 417, бо мукофоти давлатии медали «Хидмати шоиста» сарфароз гардонида шудааст.

  • «Чеҳраи Хатлон». — Д. : Русская литература, 2013. — 566 с.
  • «Журналистикаи Хатлон: вазъият, тамоюлҳо ва дурнамои рушд». — Д. : Ирфон, 2015. — 205 с.
  • «Аз ҷудоӣ то ошноӣ». — Д. : Ирфон, 2017. — 338 с.
  • «Формирование и развитие печати в Хатлонской области». — Д. : Ирфон, 2020. — 282 с.
  • «Асосҳои таҳрири матни журналистӣ». — Бохтар: Матбаа, 2021. — 144 с.
  • «Журналистикаи Хатлон: мушкилот ва пешомадҳо». — Д. : Ирфон, 2023. — 294 с[3].
  • «Рисолати муҳаррир». — Бохтар : Матбаа, 2024. — 118 с.
  • «Журналистикаи парламентӣ». — Бохтар : Матбаа, 2024. — 166 с.
  1. Маъмурзода Носирҷони Маъмур // Донишномаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав. — Д. : СИЭМТ, 2021 С. 156—157. — 328 с. — ISBN 978-99985-0-003-7
  2. Носирҷон Маъмурзода, сармуҳаррири рӯзнома. Рӯзномаи «Хатлон».
  3. Китоби нав. Носирҷон Маъмурзода: «Журналистикаи Хатлон: мушкилот ва пешомадҳо». Китобхонаи миллии Тоҷикистон (12 октябри 2023). 10 октябри 2024 санҷида шуд.